Бахшҳо
29 май 2013 11:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Бахил" бизнеси кист: Муассисаҳои тиббӣ, ё танҳо "санитаркаҳо"?

Нилуфари КАРИМ

Иддае аз сокинони пойтахт мегӯянд, пойпӯшҳои гигиении яккарата ё “бахил”-е, ки ба ивази як сомонӣ дар муассисаҳои тиббӣ барои сокинон дода мешавад, маълум нест, чанд бор истифода шудааст. Онҳо пешниҳод доранд, бар ивази пуле, ки пардохта мешавад, дар бемористонҳо барояшон “бахил”-ҳои тоза диҳанд.

Ҷамилаи Мақсуд, як сокини Душанбе, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “барои мисол, дар бемористони Ибни Сино 50 дирам медиҳӣ ва бахили нав аз дохили зарфи калон мефарояд. Аммо дар бинои куҳнаи таваллудхонаи рақами 1-и пойтахт “бахил”-ро худи “санитаркаҳо” ба мо ба ивази 1 сомонӣ медиҳанд ва маълум аст, ки он нав нест.”

Гузашта аз ин, бону Ҷамила мегӯяд, борҳо шоҳиди он будааст, ки сокинон “бахил”-и харидаи худро бо худ мебаранд, то бори дигар истифода баранду навашро нахаранд. Ин нуктаро мусоҳиби дигари мо Нигина Самадова низ тасдиқ карда ва аз коре, ки худ анҷом додааст, чунин ёдоварӣ намуд: “Аслан вақте бахилро мехарам, онро бо худам мегирам. Чун дубора пул сарф накунам. Шахсан намедонистам, ки бояд онҳо як бор истифода шаванд, ягон нафар ба мо нафаҳмондааст.”

Шамсиддин Қурбонов, роҳбари Маркази тиббии “Насл”, дар муассисаҳои тиббӣ истифода бурдани бахилҳоро дар бемористонҳо ҳатмӣ медонад. Зеро ба бовари ӯ, “ҳар инфексияе, ки тавассути хешовандон ворид мешавад, боиси хуруҷи дучанди касалии бемор мегардад.” Аммо ӯ гуфт, дар бемористони онҳо бахилро барои истифодаи дубора намедиҳанд. “Чунки мо аз ҳар бемор пули бахилро алоҳида намегирем, яъне дар назди даромадгоҳ фурӯхта намешаванд. Нархи он дар муоинаи мо ворид шудааст. Аз болои ҳар як санитаркаҳо маъмурияти ҳамон беморхона бояд назорат барад, чун бахил бояд ду бор истифода бурда нашавад. Бахил ин чизи якдафаина аст”,-афзуд ӯ.

Барои рафъи чунин мушкилҳо Шамсиддин Қурбонов пешниҳод менамояд, “ба таври мутамарказ дар бораи ташкилу кумаки тиббӣ муассисаҳо дар нархномаашон маблағи пойпӯшҳои гигиениро ворид кунанду онро алоҳида нафурӯшанд.”

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар пешниҳоди худ ба Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои тиббӣ оварда буд, нархи як ҷуфт пойпӯши гигиенӣ ҳамагӣ 0,5 сомонӣ (50 дирам) аст. Сардори раёсати назорати давлатии Хадамоти назорати фаъолияти тиббии Вазорати тандурустӣ, Давлатмурод Олимов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” дар бораи санҷиши муассисаҳои тиббӣ, ки як бахилро бо нархҳои гуногун ва чанд бор мефурӯшанд, гуфт: “Ба ҷуз санҷишҳои нақшавӣ мо боз санҷишҳои ғайринақшавӣ ва рейдҳо дорем, ки махсусан барои назорати чунин ҳолатҳо равона шудааст. Риояи реҷаи дохили беморхона, санҷиши ҳолати омодабошӣ ва ғайра. Назорати дохили беморхона маънои онро дорад, ки аёдаткунандагон бояд ҳатман бахил пӯшида бошанд. Мо масъалаи дуюмбора истифода бурдани бахилҳоро мебинем. Рости гап, мо шунидем, ки чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Дар баъзе муассисаҳо чунин ҳолатҳо шояд рух диҳад, лекин дар вақти корҳои назоратӣ мо ба ин чизҳо аҳамияти сахт медиҳем.”

Мусоҳиби мо дар бораи нархи бахилҳо афзуд, “арзиши он бояд аз 50 дирам зиёд набошад. Баъзан мумкин санитаркаҳо аз назорат дур монда, ҳамин қоидаҳоро вайрон кунанд. Лекин ба аҳолӣ фаҳмондан даркор, ки вақте ба аёдати бемори худ мераванд, пӯшидани бахил ҳатмист. Дар ин маврид саломатии хешовандашро эмин медоранд. Бояд мо ин чизро хуш қабул кунем, ки ин кори хуб аст. Дар хориҷа дар бисёр корхонаҳо ва фурудгоҳҳо бахил мепӯшанд.”

Худи мо аз чанд муассисаи тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаи рақами 1 боздид кардем, ки дарвоқеъ нархи як бахил 1 сомонӣ буда, он ҳам дар қуттии махсус фурӯхта намешавад. Аммо дар Беморхонаи Қарияи Боло нархи як бахил 50 дирам буда, маблағро ба қуттии махсус ворид мекунӣ, ки аз онҷо бахили тоза пешкаш мешавад.
Мӯҳр
Дар Бемористони Ибни Сино ду мох аст, ки дигар аз "бахил" истифода намешавад.
"Бахил" дар хамаи бемористонхли Душанбе мутааллик ба як ширкат аст, ки дар баъзе муассисахои тибби санитаркахо онро бо иловаи нархи "хидмат"-и худ мефурушанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)