Андешманди фаластинӣ дар гуфтугӯ бо "Форс"
Як андешманди фаластинӣ бо ишора ба аҳамияти интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон онро меҳвари аслии таъини ояндаи минтақаи пуртаниши Ховари Миёна дониста ва гуфт: Ғарб аз муздурони худ барои эҷоди нооромӣ ва сару садо дар ҷараёни интихобот истифода хоҳад кард.
Одил Саморе, андешманди исломӣ ва сардабири маҷаллаи "Канъон" дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории "Форс" дар Ромуллоҳ изҳор дошт: интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон муҳимтарин воситаи меҳвари таъиини ояндаи минтақаи пуртаниш хоҳад буд, ки сахт дар маърази дахолатҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.
Ин андешманди фаластинӣ изҳор дошт: интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон на дар сиёсати Эрон на дар сиёсати дохилӣ ва на сиёсати хориҷии он тағйир эҷод нахоҳад кард, аммо ҳимояти он аз меҳвари муқовимат дар баробари саҳюнистҳоро дучандон карда ва эътилофҳои ҷадидеро дар минтақа шакл хоҳад дод бавижа агар Сурия битавонад буҳрони мавҷудро пушти сар бигузорад ва ба ин тартиб Ғарб дар нақшаи сарнагунии Башор Асад ноком бимонад.
Вай гуфт: Ин интихобот дар муқоиса бо даври қабл,бо инқилоби дохили маъкус нахоҳад буд бо ин вуҷуд тардиде нест, ки Ғарб аз муздурони худ барои эҷоди нооромӣ ва сарусадо дар ҷараёни интихобот истифода хоҳад кард, то ба ин тартиб Эронро дасхуши таниш созад.
Самора бо ишора ба нақши меҳварӣ ва таъинкунандаи Эрон дар рухдодоҳои минтақаӣ таъкид кард: ҳарчанд Эрон ба далели таҳримҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии Ғарб бо мушкил руба ру шудааст, аммо ҳузури он дар минтақа ҳоизи аҳамият буда ва дар ин шароит низ интихобот ба масобаи ба чолиши воқеӣ аст, ки тавони болои мардуми Эрон барои муқовимат дар баробари ин таҳримҳоро ба намоиш мегузорад.
Интихоботи Эрон ба масобаи қутбнамои ҷаҳонӣ аст
Вай афузд: интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ба масобаи қутбнамои воқеъӣ барои ҷаҳон аст ба ин маънӣ, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба самти миллати Эрон ва тавони он барои муқобила бо чолишҳои хориҷӣ ва таҳримҳои мавҷуд ҷалб шудааст, аз ҳамин ру, ҳамаи ин интихоботро меҳвари тамоми масоили муҳими минтақа ва низ ҷаҳон медонанд.
Самора дар тавзеҳи ин матлаб гуфт: ояндаи минтақа дар гарави ин интихобот ва наҳваи бархурди раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон бо шароити кунунии минтақаи Ховари Миёна аст ва кишварҳои минтақа низ бо диққат ба Эрон чашм духтаанд то бидонанд барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ чӣ мекунад.
Вай раиси ҷумҳури ояндаи Эронро ба лузуми ҳимоят аз фуқаро ва тақвияти пойдории онон ва низ тавсиъаи меҳвари муқовимат фаро хонда ва ибрози умдеворӣ кард, ки пас аз пирузии Сурия бар буҳронӣ кунунӣ, ки дар он ба сар мебарад, муқовимат доманаи густардатаре пайдо мекунад.
Эътилофи эронӣ-арабӣ шакл мегирад
Самора пешбинӣ кард, ки пирузии Сурия бар буҳрони мавҷуди эътилофи эронӣ- арабӣ барои дарҳам кубидани террорҳои истеъморгарро ба дунбол хоҳад дошт.
Ин андешманди фаластинӣ ёдовар шуд, ки бархе кишварҳои арабӣ, марзҳои худро ба суи омили харобкорӣ ва террористӣ гушуда ва иҷоза доданд, ки онон вориди хоки Сурия шаванд, то алайҳи миллат ва артиши он мубориза кунанд.
Бинобарин ин савол матраҳ аст, ки дар ин шароит чаро бархе арабҳо аз мавзеъи Ҳизбуллоҳ ва муборизаи ва бо ин омили харобкорӣ, ибрози норизоятӣ ва шигифтӣ кардаанд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |