Падари маҳбусро дар бораи Зайд Саидов бозпурсӣ кардаанд
Субҳи имрӯз, 29-уми май, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Суннатулло Ризоевро ба дафтари амният ба Душанбе оварда, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Тавре Маҳмурод Одинаев дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, кормандони ин ниҳод аввал дар бораи фаъолияташ алайҳи шиканҷа пурсида, баъдан суол кардаанд, ки оё бо Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, ҳамкорӣ дошт, ё на.
Одинаев гуфтааст, фаъолияташҳояшро алайҳи шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон идома хоҳад дод, вале бо Зайд Саидов ягон иртиботе надошту надорад.
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусонест, ки охири соли гузашта аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфта буд. Ризоев яке аз шоҳидони латту кӯби Ҳамза Икромзода дониста мешавад, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷа фавтидааст.
Баъд аз интиқоли ҳудуди 20 маҳбус ба Хуҷанд волидони онҳо аз ҷумла Маҳмурод Одинаев садо баланд карданд, ки фарзандонашон мавриди латту кӯб қарор гирифтаанд ва ба Додситонии кул шикоят навишта, аз Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дархост карданд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |