Ҷузъиёти сӯҳбати Рамзия Мирзобекова дар Кумитаи амният (НАВШУДА)
Рамзия Мирзобекова, муовини сардабири “Азия-Плюс”, ки субҳи 29-уми май барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шуда буд, ҷузъиёти суҳбаташро бо масъулини Кумитаи амнияти миллӣ дар сафҳаи фейсбукии худ нашр кардааст.
Мирзобекова менависад, Муҳаммад Меликов, як корманди Кумитаи амният ӯро дар дафтари ин ниҳод дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди бозпурсӣ қарор додааст.
Меликов гуфтааст, Мирзобекова дар фаъолияти кориаш ба иқдоме даст мезанад, ки метавонанд ба амнияти миллӣ таъсир расонанд. Аз ҷумла, масъули амният гуфтааст, Рамзия зимни инъикоси ҳаводиси Хоруғ, дар тобистони соли 2012, дар ҳолатҳои зиёд амнияти миллиро зери хатар гузоштааст.
Муҳаммад Меликов афзудааст, Мирзобекова барои ҳимоят аз Димон Ашӯров, як сокини шаҳри Хоруғ, ки ахиран 12 соли зиндон гирифт, ба гирдиҳамоӣ даъват кардааст. “Гӯиё дар мулоқот бо наздикони Димон гуфтаам, ки гирдиҳамоӣ кунанд”,-менависад Рамзия. Мақомот гуфтаанд, далелҳои исботкунандаи даъват ба гирдиҳамоиро баъдтар пешниҳод хоҳанд кард.
Мавзӯи дигари суҳбати мақомот бо Рамзия Мирзобекова, Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст, ки чанд рӯзи қабл таъсис ёфта, Мирзобекова узви он мебошад. Аз Рамзия пурсидаанд, оё чунин эътилофу созмонҳо боиси такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон намегарданд? Ӯ ҷавоб додааст, ки "на" ва афзудааст, “баръакс, танҳо чунин созмонҳо метавонанд аз такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд, чун вақте ҳуқуқҳои конститутсионии ҳама риоя мешаванд, ниёзе ба бесарусмониҳо боқӣ нахоҳад монд.”
Дар ҷавоб ба суоли мақомот ки “Оё фикр намекунад, ки аз ҷониби нерӯҳои дохилию хориҷӣ барои ғаразҳои сиёсӣ истифода хоҳад шуд?”, Рамзия Мирзобеков пурсидааст, ки мақомот инро чӣ хел тасаввур мекунанд? Ӯ афзудааст, дар мавзӯъҳои рӯзмарра менависад ва ҳеч имкони сӯистифода аз фаъолияташро намебинад.
Меликов назари Рамзияро дар мавриди қазияи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик низ пурсидааст, ки сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст. Ин масъули амният таъкид кардааст, ки бе далелҳои ҷиддӣ ҳеч имкон надорад, ки касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Мирзобекова дар ҷавоб изҳор доштааст, дар шароити мавҷудаи Тоҷикистон ҳама чиз имконпазир аст.
Рамзия Мирзобековаро аз ҷумлаи хабарнигорони ҷавону боҷасорат медонанд, ки бештар мавзӯъҳои доғро ба баррасӣ гирифта, се соли қабл ҳам барои як нашри матлабаш дар бораи шиканҷаи боздоштшудаҳо бо Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ вориди баҳси додгоҳӣ шуда, пирӯз омада буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |