Бахшҳо
28 май 2013 18:38Тоҷикистон / Сиёсат

Мюллер, интихобот ва нобовариҳо ба "қудрати" САҲА (ОБСЕ)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз Маркус Мюллер, сафири тозатаъини САҲА (ОБСЕ) дар Душанбе, даъват кардаанд, барои риояи меъёри интихоботи озоду демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Оқои Мюллер рӯзи 28-уми май бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод, ки интихоботи раёсати ҷумҳур ва боздошти Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори Ҳизби Тоҷикистони нав, аз мавзӯи аслии сӯҳбати онҳо будааст.

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, САҲА (ОБСЕ) ба унвони як созмони байналмилалӣ аз соли 2002 ба ин сӯ дар Тоҷикистон нуфузи худро аз даст додааст ва танҳо бо талаби риояи меъёрҳои интихоботи озод метавонад вазъиятро як каме ислоҳ бикунад.

“Ман танҳо як хоҳиш доштам. Бигзор, САҲА кореро анҷом надиҳад. Танҳо барои иҷрои ҳамон меъёрҳои худ устувор ва принсипиалӣ боқӣ бимонад”,-афзуд Зоиров. Боис ба ёдоварист, давоми ду даҳсолаи охир дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ Шӯравӣ созмонҳое ба монанди ИДМ (СНГ) ва СҲШ (ШОС) таъсис ёфтаанд, ки дар баробари САҲА имкони фиристодани нозири худро дар маъракаҳои сиёсии кишварҳои аъзо доранд. Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ҳарчанд то ин замони изҳороти баъдиинтихоботии нозирони САҲА аз ҳамтоёни ИДМ-ву СҲШ комилан фарқ мекунад, вале ба ҳар сурат ин созмон тавони тағйир додани вазъи қонуншиканиро аз ҷониби ҳукуматҳо надорад.

Ӯ гуфт, “бубинед, албатта, дар мулоқоту сӯҳбатҳои худ бо намояндагони САҲА мо масъалаҳои мавҷударо матраҳ мекунем. Вале ҳамзамон қабл аз баргузории маъракаҳои сиёсӣ ҳамоиши вазирони умури хориҷаи САҲА сурат мегирад. Мусаллам аст, ки дар чунин мулоқот вазирони умури хориҷӣ нисбат ба манфиати ҷомеаву гурӯҳҳои сиёсӣ, танҳо манфиатҳои ҳукумати худро ҳимоя мекунанд.”

“Имкони таъмини шаффофият дар интихоботи президентӣ аз даст рафт”

Ин гуфтаҳоро Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, тақвият бахшида мегӯяд, парлумони Тоҷикистон бо рад пешниҳоди мухолифони кишварро барои имкони ҳузури намояндаҳояшон дар ҳавзаҳои интихоботӣ умеди ҳизбҳои мухолифро барои баргузории як интихоботи озод шикастааст. Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, аз нигоҳи воқеияти ҳуқуқии қонунгузорӣ ҳизбҳои сиёсӣ фурсатро аз даст додаанд, аммо “як роҳи дигари таъмини баргузории интихоботи озод ва демократӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва ин ҳам пешниҳоди номзади ягонаву Эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Агар дар ин масъала ҳизбҳои мо ба як қарор оянд, шояд имкони дигар кардани фазои сиёсии кишвар вуҷуд дошта бошад.”

Номбурда шикоят аз он намуд, ки мақомоти давлатӣ ҳамеша бо даст додани имконият ҳизбҳои мухолифро ва умуман гурӯҳҳои сиёсии дигарандешро барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузории кишвар муттаҳам мекунанд. “Аммо воқеият исбот мекунад, ки мухолифин ба риояи қонуну Сарқонун эҳтироми бештар қоиланд. Амали ҳукумат бо маҳдуд кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамчунин боздошти Зайд Саидов ин маънои онро дорад, ки ҳукумат худ Сарқонуну қонунгузории кишварро эҳтиром намекунад”.

“Зарурати пайвастан ба Эътилоф нест”

Дар ҳамин маврид Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунист мегӯяд, ҲКТ ба ин эътилоф шомил шуда наметавонад. “Бино бар сабаби дигаргунии барномаҳои ҳизбӣ ин корро анҷом дода наметавонем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳизби мо комилан иҷтимоӣ буда, бештар ба арзишҳои зиндагии осуда такя мекунад. Барои ворид шудан ба Эътилоф моро лозим меояд, ки барномаи ҳизбии худро тағйир намоем.”

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, мегӯяд, феълан онҳо ҳатто дар мавриди ширкат кардани номзадашон ба интихоботи президентӣ тасмим нагирифта, баъд аз баргузории Анҷумани расмӣ тасмими худро эълон хоҳанд кард. Дар идомаи сӯҳбати худ Исмоил Талбаков аз сифат ва шеваи кори САҲА дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ин созмони байналмилалӣ ҳадафи демократикунонии ҷомеаҳоро дошта, онро ҳам комилан иҷро мекунад. “Яке аз муваффақияти САҲА ин аст, ки тамоми ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро бо вуҷуди ихтилофи барномаҳояшон гирди ҳам меорад. Дар солҳои қаблӣ ин амали иҷронашаванда буд”,-афзуд ӯ.

Коршиносон аз натиҷаи интихоботи президентӣ хушбин нестанд

Гуфта мешавад, масъалаи пешниҳоди номзади ягона ва ё муттаҳидии ҳизбҳои мухолиф дар остонаи интихоботи президентӣ бори чандум аст, ки дар ҷомеа матраҳ мешавад. Вале ба далели тавофуқ надоштани ҳизбҳои сиёсӣ ин Эътилоф таъсис наёфта, онҳо ҳамчунин таҷрибаи ширкат дар маъракаҳои сиёсиро таҷриба накардаанд. Бо таваҷҷӯҳ вазъи кишвар ва аҳзоби сиёсӣ таҳлилгарон ба таъсиси чунин як Эътилоф ва ё муттаҳидии ҳизбҳои мухолиф ин навбат низ шубҳа доранд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Точикистон, мегӯяд, се иллати аслии ба мувофиқа нарасидани ҳизбҳои сиёсиро мебинад. Ба гуфтаи номбурда, мушкили аввал ин камранг гардидани нуфузи созмонҳое ба монанди САҲА дар ҷомеа буда, мушкили дувум ин “кисагӣ” будани чанде аз ҳизбҳои ба истилоҳ мухолиф аст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ин гуна ҳизбҳо дар фазои сиёсии кишвар чандон нақши назаррас надоранд. Мушкили саввумро номбурда ба тундрав будани ҳизбҳои мухолифи умда, аз қабили ҲСДТ арзёбӣ намуд.

Маҳмадазимов гуфт, “мо мебинем, ки дар ҳар баромади худ масъулини ҲСДТ бештар аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҷомеа шикоят мекунанд. Аммо ин ҳизб боре ҳам роҳи ҳали ин бунбастро пешниҳод намекунад”. Раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҲНИТ яке аз ҳизби умдаи мухолиф аст, аммо мушоҳида мешавад, ки аз соли 2006 инҷониб мавқеъву нуфузи қаблии худро аз даст додааст.

Дар робита ба имконият ва ё фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов гуфт, мутаасифона дар солҳои охир САҲА ба як созмони минарӯб табдил ёфтаасту халос: “Албатта, машғул шудани онҳо ба поккунии минтақаҳо аз мина қобили дастгирист. Аммо ҷойи нигаронӣ аст, ки САҲА аз иҷрои бахши дигари ҳадафҳои худ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсону институтҳои демократӣ фаромӯш кардааст”.

Раҳбари АМСТ мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсии кишвар ва мушкилоти мавҷуда аз баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ ин навбат низ хушбин нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)