Ҳизби коммунист ба Эътилофи ҳимоят аз демократия "НЕ" гуфт
Масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, ба далели тафовут доштани барномаи ҳизбияшон наметавонанд аз пешниҳоди бархе аҳзоби мухолиф дар бораи таъсиси Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тарафдорӣ намоянд.
Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон гуфт, “набояд фаромӯш кард, ки ҳизби мо комилан иҷтимоӣ буда, бештар ба арзишҳои зиндагии осуда такя мекунад. Барои ворид шудан ба Эътилоф моро лоизм меояд, ки барномаи ҳизбии худро тағйир диҳем.”
Ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ аз таъсиси Эътилофи ҳимоят аз демократия хабар доданд. Ба қавли муассисони ин Эътилоф, Кумитаи ҳимяо аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов низ шомили он мебошад.
Ҷаноби Талбаков дар суҳбат бо “Озодагон” афзуд, феълан онҳо дар мавриди ширкат кардани номзадашон дар интихоботи президентӣ низ тасмим нагирифтаанд. “Ҳоло мо мунтазири замони эълони расмии баргузории интихоботи президентӣ ҳастем. Баъд аз он зуд Анҷумани худро баргузор карда, миёни тарафдорон як номзади арзанда интихоб хоҳем кард”,-илова кард Талбаков.
Дар акс: Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Намояндагон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |