Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешниҳоди манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, омодааст, ба саволҳои хонандагони “Озодагон” посух гӯяд.
Пешниҳоди Амиршоева дар бораи манъи издивоҷҳои хешутаборӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон садо дода, мавриди истиқболи аксари депутатҳо қарор гирифт. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфта буд, “ин масъала бояд 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт.”
Зеро ба бовари ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд. “Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст”,-таъкид дошта буд Саодат Амиршоева.
Ҳоло ин вакили Маҷлиси Намояндагон омодааст, дар робита ба ин масъала ва кораш дар парлумон ба саволҳои хонандагон посух бигӯяд. Вале бояд гуфт, саволҳо ва пешниҳодҳое нашр ва ба он посух гуфта мешаванд, ки таҳқири якдигар набошад.
Саодат Амиршоева соли 1953 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Узви фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ва узви Кумитаи ин маҷлис оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният аст.
Дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 ва медали ҷашнии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.