Ифтитоҳи озмуни нозирони наврас

Дар «Кохи Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе имрӯз 28 уми май маросими кушодашавии 3-юмин озмуни ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ баргузор гардид.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, озмуни мазкур бахшида ба 40-солагии таъсисёбии дастаҳои Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ ва бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати назариявӣ ва амалии хонандагон ташкил шуда, то 2-юми июн идома хоҳад ёфт.
Манбаъ афзуд, ки дар ин маросим Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, роҳбарият, сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, наврасону хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 10 дастаи иштирокчӣ - довталабони ғолибият дар ин озмун аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни баромади худ гуфтааст ин иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ метавонад наврасонро ба омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуда, таблиғи он дар байни ҳамсолонашон ба пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |