Лӯлаҳои оби Қӯрғонтеппа нав мешаванд (АКС)
Тасмим аст, умури ивази лӯлаҳои оби нӯшокӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки авоили моҳи январи соли равон шуруъ шуда буд, ду моҳ баъд пурра ба анҷом бирасад.
Абдувалӣ Содиқов, сармуҳандиси ҶДММ “Электрогидромантаж”-и шаҳри Душанбе, бо тасдиқ аз ин хабар афзуд, ки “мо бояд ҳамагӣ 3 километр лӯлаи полиэтилении қутри 400 бихобонем. Ин лоиҳа дар асоси 3,5 миллион сомонӣ гранти ихтисосдодаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ гардида истодааст. То ҳозир 1800 метр қубур хобонида шудааст. Муҳлати истифодаи ин лӯлаҳо, мутобиқи кафолати корхонаи истеҳсолнамуда 80 сол мебошад.”
Фармоишгари ин кор КВД Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа буда, паймонкор ҶДММ “Электрогидромонтаж”-и шаҳри Душанбе мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |