Сохтмони роҳи оҳан бо ҳузури Карзай оғоз мешавад
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзайро ба маросими оғози сохтумони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон даъват кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Рошид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон рӯзи 26-уми май зимни дидор бо Ҳомид Карзай, ӯро ба ин маросим расман даъват намудааст. Манбаъ бидуни зикри сана афзуда, ки маросими оғози сохтумони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон -Туркманистон ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба А.Егелеев, муовини нахуствазир ва вазири роҳи оҳани кишвараш дастур дода буд, то барои оғози сохтумони роҳи оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон” омодагӣ бинанд.
Дар мавриди ин роҳ миёни руасои ин се кишвар дар ҳошияи баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад. .
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |