Зайд Саидов аз наздиконаш хостааст, умедро аз даст надиҳанд
Наздикони Зайд Саидов барои ӯ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, китоби Қуръону Маснавии Ҷалолиддини Балхиро бурдаанд.
Дар ин бора ба "Озодагон" Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов, хабар дода ва гуфт, чунин як дархостро нафари таҳти ҳимояташ кардаву наздиконаш иҷро намудаанд.
Оқои Қудратов мегӯяд, Зайд Саидов дар мулоқот аз пайвандонаш хостааст, ки умедро аз даст надиҳанд.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, рӯзи 19-уми май боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи анмияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар тақаллуб, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |