Антонов: “Ҳузури Узбакистон дар ОДКБ ба нафъи ҳама буд”
Русия аз хориҷ шудани Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори таассуф кард.
Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, зимни як суҳбати худ бо хабарнигорон, дар мавриди тарки узвияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъии Узбакистон ибрози назар кардааст.
Ӯ гуфтааст, Узбакистон як давлати мустақилу соҳибихтиёр мебошад ва дар мавриди ҳамкорӣ кардан бо кадом як созмоне худ тасмим мегирад: “Вале ман танҳо инро гуфтаниам, ки бисёр мутаассифам аз он ки Узбакистон ин созмонро тарк кард.”
Зеро ба гуфтаи Антонов ҳузури Тошканд дар ин созмони низомӣ ба нафъи ҳама буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |