Боздошти 7 тан ба гумони қатли Саъдӣ Сатторов дар “Шаҳрисабз”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафт нафарро ба гумони даст доштан дар қатли Саъдӣ Сатторов, як сокини шаҳри Душанбе, дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” боздошт кардааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, ин афрод -- Насим Муҳиддинов, Дилшод Наимов, Ҳусейн Ҳамроқулов, Ҷаҳонгир Муродов, Шералӣ Муродов ва Сайфулло Кабутов мебошанд, ки ду нафари ахирӣ дар қаламрави Қирғизистон боздошт ва сипас ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.
Ба қавли Асадуллоев, мақомот инчунин Абдулҳаким Ахиевро барои пинҳон кардани ин афрод боздошт кардаанд.
Ҳодисаи задухӯрд дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и Душанбе шаби 28-уми апрел рух дод, ки дар пайи он Саъдӣ Сатторов ба ҳалокат расидаву Азим Асоев ҷароҳати вазнин бардошта, бистарист.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳоло ҷустуҷӯи чаҳор нафари дигар, ки дар ин қазия даст доранду пинҳон шудаанд, идома дорад ва ин парванда таҳти назорати Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷинояти махсусан муҳими Додситонии кулл мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан волидони Саъдӣ Сатторови 25-сола аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронанд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |