Тоҷикистону Қирғизистон 10 созишномаи нав бастанд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари худ ба Бишкек, ки рӯзи 27-уми май сурат гирифт, дар мулоқот бо Алмазбек Атамбаев, президенти Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки нишасти дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Тавре Хадамоти матбуотии президент иттилоъ дод, зимни ин мулоқот миёни ҷонибҳо қарор карда шуд, ки сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадии давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ба сатҳи муовини сарвазир аз ҳарду ҷониб бардошта шавад.
Президенти Тоҷикистон масоили рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсояро нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо, сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии ин ду кишвар баррасӣ намуда, аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Алмазбек Атамбоев бо сипосгузорӣ пазируфта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш иброз доштааст, ки муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон намунаи ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва эҳтироми мутақобила мебошад, ки мо ин анъанаҳои некро пурарзиш медонем ва барои таҳким ва ғанигардонии бештари онҳо пайваста ҷаҳду талош мекунем.
Дар навбати худ, Алмазбек Атамбаев боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизстон «марҳиласоз» номид ва аз ҳамкории босамар арзи қадрдонӣ намуда, қайд кардааст, ки муносиботи хайрхоҳонаи ин ду ҷониб мақоми хоса касб намудаанд.
Гуфта мешвад, дар ин нишаст ба сатҳи робитаҳои ҳар ду ҷониб баҳои баланд дода шуд ва зикр гардид, ки соли гузашта мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон 60% афзудааст ва тамоюли афзоиши он идома дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо барои баҳрабардорӣ қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, илму техника ва фарҳанг омодагии устувори худро таъкид доштаанд: “Барои ин ба кор даровардани механизмҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва беш аз пеш фаъол намудани ду комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва доир ба мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар зарур шумурда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, миёни Тоҷикистону Қирғизистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла Созишнома миёни Комиссияи аттестатсионии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ, протокол миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи маълумот доир ба интиқоли молҳо, созишнома доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон “Дар бораи ҳамкорӣ барои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон”, “Дар бораи фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба” ва «Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон» имзо гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |