Бунёди мақбараи Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ (АКС)
Мақбараи марҳум Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бунёд ёфтааст.
Пайвандони ин рӯҳонии маъруф гуфтанд, сохтмони оромгоҳи ӯ бо дархости Холмурод Раҳмонов, раиси кунунии ноҳияи Қумсангир, анҷом шуда, вале то ҳол ороишоти он ба поён нарасидааст.
Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, ки маъруф ба Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ низ мебошад, рӯзи 22-юми ноябри соли гузашта (2012) дар манзили зисташ - деҳаи Қизил Нишон аз олам даргузашт.
Домулло Муҳаммадӣ, ки дар тарбияи даҳҳо шогирдони улуми исломӣ нақши муҳим дорад, соли 1925 дар Ҳоити водии Қаротегин ба дунё омада, писари шайх Сайид Аҳмад мебошад. Саводи ибтидоӣ ва дониши аввалияи диниро ӯ аз олимони маъруфи давр, мисли Қозӣ Абдурашид гирифтааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи ҳазорҳо тан гурезагони тоҷик тарки кишвар карда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |