Мухолифи ҳукумати Русияро барои хизмат ба Тоҷикистон мефиристанд
Сергей Падалкин, як мухолифи ҳукумати Русия аз шаҳри Пенза, ки авохири моҳи декабри соли 2012 ба сафи артиши Русия даъват шуд, идомаи хизматро дар Тоҷикистон сипарӣ мекунад. Дар ин бора торнамои penzanews иттилоъ додааст.
"Моҳи шашум мешавад, ки дар як қатор қисмҳои ҳарбии Русия хизмат мекунам. Декабри соли гузашта баъд аз митингҳои зиёд дар Пенза маро барои хизмат дар артиш ба Екатеринбург фиристоданд. Пас аз чор моҳ ба Самара интиқол доданд... Як моҳ нагузашта баъд аз хизмат дар шаҳраки Рошинский маро Тоҷикистон фиристодан мехоҳанд. Идомааш чӣ мешавад, маълум нест",-навиштааст Падалкин дар интернет.
Ин фаъоли ҷамъиятӣ ҳамчунин гуфтааст, вазъи артишро аз дохил хеле хуб омӯхта ва омодааст, дар ин мавзӯъ даҳҳо матлаб, ҳатто як китоб бинависад.
Аммо дар мавриди тасмими ахир барои идомаи хизмат берун аз марз гуфтааст, "дар Тоҷикистон барои ман мулоқот бо пайвандон ва пайравон мушкил хоҳад шуд. Онҷо дар як ҳафта танҳо як бор -- рӯзи якшанбе иҷозаи истифода аз телефони мобил медиҳанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |