Афзалов: “Ба дасисаву гапҳои подарҳавои баъзеҳо бовар накунед”
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни қабули шаҳрвандон дар Қумсангир аз сокинони ин ноҳия даъват намуд, ки ба “гапҳои туҳматангезе", ки вақтҳои охир зиёд пахш мешавад, дода нашаванд ва ба қадри “тинҷиву оромӣ” бирасанд:
"Ҳозир мулк тинҷ, ором аст, лекин ин тинҷӣ баъзеҳоро намефорад. Пеш ба ғайри нон чизе намеёфтӣ, ки рӯйи дастархон монӣ, ҳоло бошад, дар ҳар як хонадон ҳама чиз ҳаст."
Раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки “имсол соли махсус аст, соли интихоби Президенти кишвар. Шумо хуб медонед, ки баъзеҳо чӣ корҳое накарда истодаанд. Барои ҳамин, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба тарбия машғул шавед. Дӯстиву оромӣ, тинҷии Тоҷикистон ба нафъи ҳар як хонадон аст. Мо ҳамаи онро худ чашида будем... Вақтҳои охир ҳар хел гапҳои туҳматангез гуфта истодаанд.”
Ғайбулло Афзалов ҳарчанд аз шабакаҳои хабаррасон ном набурд, аммо интиқодҳоро дар умури динӣ зикр карда афзуд: “Дар бобати масҷидҳо бошад, мисол меорам, ки пеш аз ҷанг дар ноҳияи Қумсангир масҷид набуд, ҳоло 71 масҷид ҳаст. Дар вилоят ҳозир тақрибан 70 ҳазор ҳоҷӣ ҳаст, вале то солҳои 90-ум дар тамоми Тоҷикистон ҳамагӣ 30 ҳоҷӣ буд. Халқи мо халқи бузург аст, ҳама чизро мефаҳмад. Бинобар ин хоҳиш мекунам, ки ба дасисаву гапҳои подарҳавои баъзеҳо бовар накунед. Тинҷиву оромӣ неъмати бебаҳои Худодод аст. Ба қадри он расидан даркор аст."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |