Бахшҳо
27 май 2013 18:49Тоҷикистон / Сиёсат

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт.

Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, ин сафараш бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Вале дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, Бозор Собир гуфт, ҳанӯз дар ин бора тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар ҳоҳад буд.

Аммо Бозор Собир афзуд, дар муқоиса ба сафарҳои пешинаш аз ин сафар бисёр хушнуд аст. Чун ба гуфтаи худи ӯ, “ҳар дафъа, ки меомадаму мерафтам, касе эътибор намедод. Аммо ин дафъа, ки сафар бо даъвати президент сурат мегирад, аз ман бештару беҳтар пазироӣ карданд.”

Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бегоҳи 27-уми май барои пешвози Бозор Собир дар баробари дӯстону ҳаводоронаш, инчунин Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон ва Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омада буданд.

Ин сафари Бозор Собир бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон панҷ моҳ қабл аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Ва бар хилофи дафъаҳои гузашта хабари бозгашти Бозор Собирро шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ намоиш дода, шакли комили гуфтугӯи ӯро пахш карданд. Ин гуфтугӯ зоҳиран қабл аз сӯҳбати Бозор Собир бо намояндагони расонаҳои мустақил ва танҳо бо ҳузури хабарнигорони расмӣ сабт шудааст.

Ӯ дар ин сӯҳбати худ, шоми 27-уми май аз тариқи Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш шуд, аз раисиҷмҳур изҳори сипос мекунад, ки бо вуҷуди масоили зиёди кишвар ба масъалаи ӯ ҳам машғул шудааст: “Бисёр ташаккур мегӯям. Мо саддарсад миннатдор. Қаблан аз тариқи хабаргузориҳои байналмилалӣ, мушаххастар аз интернет, бо вазъияти ҷумҳурӣ каму беш шиносам. Дар ин ҷо худсариҳои ҷамъиятӣ зиёд аст. Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад. Ҳар нависанда бо фахр гӯяд, ки ман мағзи халқам. Дар шакли алоҳида ҳеч чиз намешавад. Пеш аз ҳама бо чорабиниҳо ва кӯшишҳои бевоситаи президент мешавад. Як ман не, балки тамоми интеллегенсияи ҷумҳурӣ бевосита дар паҳлуи президенти ҷумҳурӣ бошем. Ҷамъияти бе контрол нест. Хусусан дар ҷамъияти мутаммадин, ҷамъияе, ки фарнҳангу илм дорад, ҳеч кас худсарона ҳеч кор карда наметавонад. Контрол ҳатмӣ, зарур ва мағзи корҳои дигар аст”

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бозор Собир бори охир се сол пеш аз ин ба Душанбе омада, чанд муддат бо ҳамроҳии ёрону наздиконаш буд ва китоби "Хуни қалам"-аш ҳам дар он замон бо сарпарастии ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Ӯ борҳо дар сӯҳбаташ таъкид мекард, ки бисёр мехоҳад як шаби эҷодияшро бо ҳузури бештари дӯстону наздикон ва ҳаводорон баргузор ва баъд аз он кишварро тарк кунад. Аммо натавонист ин шаби эҷодиро баргузор ва тамоми дӯстдорони шеърашро дар як базм ҷамъоварӣ намояд.

Вале чизе, ки ӯ баъд аз ин сафараш ба ёдгор гузошт, пешниҳод дар бораи бастани Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бо ин ҳол, сари ҳар чанд вақт бархе аз сокинон бо навиштани нома дар нашрияҳову торнамоҳо бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистонро амри зарурӣ мехонданд ва борҳо дар ин маврид ҳукуматро танқид мекарданд.

Пештар аз ин, Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати раисиҷумҳур ба Тоҷикистон омад ва ҳоло раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро ба уҳда дорад.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”
Мӯҳр
Abdurahim
Бехтарин озодагон хурсанд кардимона

дима
и шоири машхуртон вакте 3иди Худову Расул шеьр навишт, чигуна метавон а3 баргаштанаш хушхол шуд?

Qudumi shoirro ba khoki mehanni aziz Humoyun guem
Bozori sukhan garm khohad shud Loiq loiqi mahfil va harfu suklhan bud sham'i
fonusi ormonho furuzon meshavad Janobi Oli hamesha dustdori ahli sukhan hastand va nameguzorand nafare az ahli dil khoru zor dar begonakishvarho boshad Khush bod qudumat Ustod bar ostoni Mehan

дима
сапера, ай хдт буи лаганбардори миея

Интихобот ки наздикаст Чаноби Оли намедонад чи гуна боз дили халки бечораро ба даст орад. Бозор Собир бошад шоири халк нест як шоири дарборист дареги Лоик...

Точикбача
Бозор собир хамон шоире ки гандумнамои чавфуруш.

Махмуд
Хуш омадед устод.Шумо вокеан шоири дустошта ва сарсурпудаи миллат ба хисоб меравед. Харчанд баъзе шоирон дар хаки Шумо намарди карданд ва онхо намехостанд, ки Шумо ба ватан баргардед. Шумо онхоро бахшед.Баргашти Шуморо муборак бод мегуем, бехтарин икдоми нек.

Мухаммад
Ин шахс нафрати ошкоро ба ислом, Худоу Расул дорад. Миллати мо аксарият мусулмонанд, бинобар ин одам шоири милли хисоб намешавад. Шоири милли наметавонад зидди дини миллаташ бошад. Президет ба хотири зидди Нахзат садо баланд карданаш овардааст. Истифода бурда мисли як чизи ба хама маълум баъд ба мусор мепартояндаш. Аз сухбаташ ба рузномахои хукумати маълум аст ки бо кадом миссия омадааст. Мехохад дар Точикистон режими Сталини чори шавад. Худо окибати ин миллатро ба хайр гардонад.

Millat azr jism ast .shoir chashmi ust
Jismro bo chashmi bino obrust.....
Digarbora qudumi shumo muborak bod ustod ba zamini padari!

Худат ку, нони давлати серхизбаро (Амрико) мехури. Дар ин чо боз моро дарс додани хасти.

Аз Президент ягон нафака умедвор аст.

Дуруд ба шоири миллат. Вале ман як чизро нафахмидам: Кошонов С. дар он чо чи кор мекунад ва ба Бозор чи робита дорад?

собир аз бозор
ин шоир аз акл бегона аст.мавкеъи муайяни сиёси надорад.гох сохтори шуравиро танкид мекард.гох таъриф.худро шоири демократ меномаду хизбу чамъиятхоро нодаркор мешуморад!

Мухаммад
Ман Рости хуб ошно нестам ба ашъораш ва худи Б Собир-ро хам хуб намешиносам.
Аз дасташ чи меомада бошад ин чаноб ба умедаш шудаасту даъваташ кардааст.

Аз баргашти Бозор Собир хеч чизе тагир намекунад, хамонтавре, ки аз рафтанаш чизе эхсос нашуд!!!

Нав аз тариқи интернет шеъри лининашро гуш курдам вой бархоли хамин гуна шоир! Лоиқ куҷои ......... Хоки поят омадаст то сар бибардорад вой бар ҳолаш. Бозор Собиру Аскар Ҳаким ҳардушон баробар )))) Аскар Ҳаким нагзтар аст. Локин ҳар дуятон ба дастони Гулрухсор об бирезед ))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)