Убайдуллоев хост, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба иҷора дода шаванд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе, дастур додааст, ки дар гузаргоҳҳои зеризаминии таҷдидшавандаи пойтахт хизматрасониҳои муқаррарӣ ташкил карда шавад.
Тавре Шавкат Саидов,сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев, имрӯз, 27-уми май зимни ҷаласа дар мавзӯи хоҷагидорӣ таъкид кардааст, ки минбаъд гузаргоҳҳои зеризаминӣ аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, савғо, гул, маҳсулоти ширӣ ба иҷора дода шавад.
Ба иттилои манбаъ, дар гузаргоҳҳои зеризаминии таҷдидшавандаи шаҳр хизматрасониҳои мубодилаи асъор ва мусаввараҳои рассомони ватанӣ ва ташкили гӯшаҳои расмкашӣ инчунин ба роҳ монда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |