Э.Раҳмон бо мансабдорҳои калидии тоҷик озими Бишкек шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми май бо як сафари расмӣ ва барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Қирғизистон сафар намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоишҳо дар доираи СПАД ва АвруОсиё дар Бишкек, инчунин вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайридин Абдураҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов, сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, муовини аввал – сардори Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ширкат мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |