Кордзанӣ дар қаҳвахонаи "Қарияи боло"-и Душанбе
Кормандони умури дохилии ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ Абдурозиқ Хадерови 47-сола, сокини кӯчаи Ховаронро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, боздоштшуда рӯзи 21-уми май соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ дар дохили қаҳвахонаи «Қарияи боло», воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум, "аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо корд Сафармад Ашурови 61- сола, сокини кӯчаи Путовскийро 4-маротиба ба шикамаш задааст." Дар натиҷа, Сафармад Ашуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, ки Абдурозиқ Хадерови қаблан бо моддаи 244, 237-и Кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |