Мармари сафед Ашқободро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кард
Ашқобод, пойтахти Туркманистонро барои шаҳри мармари сафедпуш буданаш ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карданд.
Дар минтақае бо 22 километри мурабаъ масоҳат 543 бинои нав мавҷуд аст, ки бо мармари сафед рукаш шудаанд. Масоҳати он беш аз 4,5 миллион метри мураббаъ (4,513,584 м.кв) мебошад. Яъне ба ҳар 4,87 метри квадратӣ 1 метри мураббаъ мармар рост меояд»,-навиштааст сомонаи turkmenistan.ru.
Расми тақдими сертификати китоби рекордҳои Гиннес дар Қасри шӯроҳои Ашқобод бо ширкати Крег Глендейн, сармуҳаррири нашрияи ҷаҳонӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури Туркманистон сурат пазируфт.
Қаблан, ситораи азими Оғузхони Маркази телевизион ва радиошунавонии «Туркманистон», Чархи фалаки маркази фарҳангӣ-фароғатии «Алем», ансамбли фаввораи «Оғузхон» вориди китоби рекордҳои Гиннес шуда буд. Нахустин маротиба исми Туркманистон соли 2008 барои баландтарин миллаи парчам ба китоби рекордҳои Гиннес навишта шуд.
9-уми сентябри соли 2011 Тоҷикистон ин рекордро тағйир дод. Дар китоби рекордҳои Гиннес ҳоло баландтарин миллаи парчам насиби Тоҷикистон аст, ки 165 метр баландӣ дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |