Бахшҳо
26 май 2013 11:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар Душанбе замин ҷунбид. Шиддаташ то 7 бал ва марказаш -- марзи Тоҷикистону Узбакистон

Соати 11:12 дақиқаи имрӯз, 26-уми май дар шаҳри Душанбе замин ҷунбид.

Ларзиши сахти заминро сокинони навоҳии атрофи пойтахт низ эҳсос кардаанд. Ба қавли масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар марзи Тоҷикистону Узбакистон буда, шиддаташ то 7 бал будааст.

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи гузашта дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо маркази зилзила 74-километрии шарқи Тошканд, пойтахти Узбакистон будааст. Ба иттилои манбаъ, иқтидори заминларза 5,5 бал аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.


Мӯҳр
Аз Абузар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:Ба ту васият менамоям, ки аз Худо битарс, зеро сарчашмаи хамаи некихо дар пархезкори аст. Куръонро тиловат кун, Худоро ёд намо, зеро ин дар осмон барои ту зикр ва дар замин нур аст. Бисёр сухан магуй, зеро камгуй шайтонро мегурезонад, магар дар кори хайр хомуш наист. Зеро сукут намудани шайтонро мегурезонад ва дар корхои диниат кумак мерасонад. Бисёр маханд зеро дилро мемиронад ва нури руйро мебарад. Дар рохи Худо чиход кун, зеро рахбоният уммати ман аст. Ба мискинон дусти намо ва бо онхо хамнишин бош. Бо хешовандонат рафтуомад намо, агарчанде онхо бо ту рафтуомад накунанд. Сухани ростро бигу агарчи талх бошад. Дар гуфтани хак аз маломати хеч кас натарс...(Ривояти Байхаки)

Аз Абузар (р) ривоят аст,ки Паёмбари Худо(с) фармуданд:Ба ту васият менамоям,ки аз Худо битарс,зеро сарчашмаи хамаи некихо дар пархезкори аст.Куръонро тиловат кун,Худоро ёд намо,зеро ин дар осмон барои ту зикр ва дар замин нур аст.Бисёр сухан магуй,зеро камгуй шайтонро мегурезонад,магар дар кори хайр хомуш наист.Зеро сукут намудани шайтонро мегурезонад ва дар корхои диниат кумак мерасонад.Бисёр маханд зеро дилро мемиронад ва нури руйро мебарад.Дар рохи Худо чиход кун,зеро рахбоният уммати ман аст.Ба мискинон дусти намо ва бо онхо хамнишин бош.Бо хешовандонат рафтуомад намо,агарчанде онхо бо ту рафтуомад накунанд.Сухани ростро бигу агарчи талх бошад.Дар гуфтани хак аз маломати хеч кас натарс...(Ривояти Байхаки)

рустам
алон дар Истаравшанхам замин чунбид такрибан 11:07 буд хело захт чунбид.
дар Хучанд хам ларзид.

Имрӯз, соати 11:08 дар шаҳри Душанбе заминҷунбӣ ба амал омад. Тавре аз Хадамоти мониторинги зилзиласанҷии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» хабар доданд, шиддати заминларза дар Душанбе 3-4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, Ёқуб Муродқулов, сардори истгоҳи зилзиласанҷии шаҳри Панҷакент ба Озодӣ гуфт, шиддати заминларза дар шаҳри Панҷакент 5, 5 балл ва дар маркази заминларза, дар байни Самарқанду Панҷакент 6, 5 -7 балл будааст. Ба иттилои Ёқуб Муродқулов, як сокини Панҷакент хабар додааст, ки дар натиҷаи зилзила девори хонааш кафидааст.
Дирӯз низ дар ҳудуди вилояти Суғд заминларза сабт шуда буд. Ба иттилоъи манбаъи зикршуда, маркази зилзила 74- километрии шарқи Тошканд, пойтахти Узбакистон буда, иқтидори заминларза 5,5 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. winked

Ман дар маркази ноҳияи Ваҳдат дар маъракае будам. Дар берун дар таги долон сӯҳбат мекардем. Замин беҳад сахт ларзид. Дар лаҳзаи нахуст садое ба монанди таркиш шунида шуд. Сутунҳои оҳанини долон ин су ва он су рафта меомаданд. Хаёл кардем, ки долон ҳамин лаҳза болои сарамон чаппа мешавад. То ба ҳол ба ин дараҷа заминларзаи шадидро надида будам.
Ҳанӯз солҳои ахири Шӯравӣ зимни яке аз сафарҳои хидматӣ бо афсари баландрутбаи рус ҳамсӯҳбат шудам. Дар рафти сӯҳбат полковники рус гуфт, ки "дар Помири шумо зуд-зуд таркиши ҳаставӣ мегузаронанд (частенько проводят ядерный взрыв). Шумо аз ин хабар доред?" Гуфтам, ки бори аввал мешунавам. Гуфт, "ин далели аниқ аст". Пас аз ин, ҳар гоҳ заминларза ба вуҷуд меомад, нохост гуфтаҳои ҳамон афсар ба ёдам меомаданд. Имрӯз ҳам ҳамин тавр шуд. Заминларза воқеан ба таркиш монанд буд.
Бо истинод ба гуфтаҳои полковники рус меҳостам аз мақомоти расмии Тоҷикистон пурсида шавад, ки оё ҳоло ҳам низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистони мустақил таҳқиқоти ҳаставиро идома медиҳанд, ё на? Зеро вобаста ба ҳаҷми заряд таркиши сахт ҳатман заминларза ба вуҷуд меорад. Агар заминҷунбиш зарари моддӣ нарасонад ҳам, дақиқан ба бисёре аз ашхоси бемориҳои қалб ва асаб зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ меорад. Масъалаи мазкур бояд аз ҷониби вакилони мардумии Маҷлиси Олӣ таҳқиқ шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)