Кумитаи "дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов" ташкил шуд
Рӯзи 25-уми май дар Душанбе Кумитаи ҷамъиятии ҳимоят аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ташкил шуд. Ин кумита шомили эътилофи тозаест, ки ҳадафаш “ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” мебошад.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва яке аз ташаббускорони таъсиси Эътилоф барои “ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ба раёсати эътилоф нуҳ нафар бо шумули худи ӯ, Маҳмадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшиноси шинохта ва Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос шомил гардидаанд.
“Дар дохили Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидовро ташкил кардем. Дар ҳоли ҳозир ба ҳайати ин кумита бештар аз 13 нафар дохил гардиданд. Намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ, гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ низ шомили ҳамин кумитаанд”,-афзуд Зоиров.
Раҳматилло Зоиров мегӯяд, Эътилоф дар чанд самт фаъолият хоҳад кард, ки ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов аз аслитарини онҳо хоҳад буд. “Мо супориш додем, ки ҳамин рӯз барномарезӣ шавад, ки чӣ гуна дар чорчубаи конунгузорӣ дар ин самт фаъолият хоҳем кард”,-гуфт раиси ҲСДТ.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта дар авоили моҳи апрел аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Баъд аз чанд фурсат мақомот алайҳи ӯ чанд парванда боз карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |