Фаттоҳ Саидов: “Парвандаи Зайд Саидов то ду моҳ ба додгоҳ меравад”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, баррасии парвандаи Зайд Саидов то ду моҳи дигар анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, рӯзи 19-уми май мавриди боздошт қарор гирифта, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи анмияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар тақаллуби ду миллион сомонӣ, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.
Дар робита ба ин суол ки оё имкон надошт Зайд Саидов дар ҳабси хонагӣ бошад, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ чунин посух дод: “Бар асоси моддаҳое, ки ӯ муттаҳам мешавад, ҷиноятҳои махсусан вазнин мебошанд, ки намешавад дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошт. Инҳо ҷиноятҳои иқтисодӣ нестанд.”
Фаттоҳ Саидов ҳамчунин дар ин сӯҳбати худ гуфт, парвандаи марбут ба Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғдро низ то ду моҳи дигар ба поён бурда, ба додгоҳ хоҳанд фиристод. Ин дар ҳолест, ки пойи Низомхон Ҷӯраев ба парвандаи Зайд Саидов кашида шуда ва ӯ ахиран шаҳодат додааст, ки дувумӣ ҳангоми вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ маҷбуран кашида гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |