Раисон! Мардум дигар бовар намекунанд, ки...
Дар мавриди фосилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардум дар матлабҳои пеш ишораҳое доштем, аммо ба назар мерасад, танҳо ниҳодҳои интизомӣ нестанд, ки эътимоди мардумро аз даст медиҳанд.
Вазирону вакилон ва раисони сатҳи болоӣ низ аз мардум хеле фосила гирифтаанд.
Ҳар мансабдору курсинишин, ба вижа вазирон бояд дар хизмати мардум бошанд. Аммо вазъият нишон медиҳад, ки баръакс шудааст. Одамонро дигар намешавад гӯл зад. Онҳоро фирефтан имкон надорад. Ин ки мардуми тоҷик аз ҳад сабур, пуртоқат ва ором аст, набояд далели бепарвоии мақомдорон гардад. Зеро косаи ҳар гуна сабре рӯзе лабрез ва тоқати ҳар пуртоқате рӯзе тоқ ва ҳар оромтабиате рӯзе ба хашм меояд. Аз меҳрубонӣ ва оромии одамон набояд сӯистифода кард ва онҳоро истисмор.
Имрӯз дигар намешавад мардумро фиреб кард, ки мошинҳои гаронарзиши кормандони давлатиро, ки маоши баланде надоранд, хешовандони дар Русия будаашон харидааст. Онҳо бовар намекунанд, ки қасру кушкҳои боҳашаматро гурӯҳе аз падару бобоҳояшон мерос гирифтаанд. Онҳо бовар намекунанд ва нахоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҳоло ки сабру тоқат тамом нашудааст, бояд илоҷи корро ҷуст. Илоҷҳо зиёданд, аммо ба ҳеч ваҷҳ саркӯб кардани фаъолон роҳи ҳал нест.
Ба андешаи ин ҷониб, роҳи хуб ва муассир аз миён бурдани хало ва дурии мансабдорон ва мардум аст. Ва роҳҳои наздик шудан хеле зиёд аст. Зимнан, яке аз ин роҳҳо аз наздик ошно гардидан бо ҳаёти мардуми оддӣ мебошад. Аз вазирони тоҷик, ки бояд хидматгузори мардум бошанд, даъват мекунам, ҳамагӣ чанд рӯзи зиндагияшонро ҳамвазн бо мардум сипарӣ кунанд.
Танҳо ба ин хотир, ки бубинанд мардуми оддӣ дар чӣ шарту шароит ва вазъу муҳите ба сар мебарад. Шояд онҳо, ки фикр мекунанд ҳама мисли онҳо зиндагӣ дорад, баъди бо чашми худ дидани воқеият шеваи корашонро тағйир медиҳанду ба манфиати ҳал шудани мушкили мардум кори назарастаре анҷом медиҳанд?
Ҳамаи онҳо агар ҳадди ақал як рӯз дар дили Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бидуни мошини хизматӣ, пои пиёда аз манзил берун шаванд ва баробари садҳо нафар соатҳо нақлиёт бипоянд, ба хубӣ вазъро дарк хоҳанд кард. Чаро танҳо як рӯз? Чун барои ҳар рӯз ба ин минвол гузаштан асаби таранге лозим, ки гумон накунам онҳо дошта бошанд...
Тасаввур мекунед, ки Гул Шералӣ аз субҳи барвақт сари роҳ омада, нақлиётро мунтазир шавад. Зери офтоби тафсон. Вақте умедашро аз нишастан ба автобусҳои пури одам меканад, ба умеди мусофиркашҳо мешинад. Ниҳоят бо азоби алим дохили «Старекс»-е мешавад, ки ҷои се нафар чор кас шиштаанд. Аз ӯ ба ҷои 1 сомонӣ ду сомонӣ мегиранд. Шояд барои ин ҷаноб яку ду чӣ ки 20-40 сомонӣ арзише надошта бошад, аммо ҳадди аққал дарк мекунад, ки мардуми оддӣ ҳар рӯз ба ҳамин аҳвол мувоҷеҳанд.
Ё Низом Ҳакимов бо мошини шахсӣ як рӯз ба Суғд биравад. Бо роҳҳои таҳти назари IRS. Ҳам ҳолати роҳҳоро аз назар мегузаронад ва ҳам бо ду дасти адаб ба назоратчиҳои чандин дарвоза пул медиҳад.
Бег Зуҳуров, ки бо иқдоми дучархасаворияш замоне ба сархати расонаҳо баромад, бояд иқдоми ҷиддитаре бигирад. Ӯ эълон карда буд, ки ба хотири сарфаи сӯзишворӣ тасмим гирифтаанд, ҳамроҳи кормандонаш бо велосипед ба кор биёянд. Ҳамон рӯзи эълони иқдом рӯзноманигорон чанд акси Беги дучархасаворро гирифтанду бо ҳамин Бег аз дучарха поин шуд ва дигар касе ӯро болои он надид.
Абдулло Ёров дур не, ҳамагӣ 60-70 километр ба шарқи Тоҷикистон равад ва ду шаби зимистониро дар манзили мардуми оддӣ зери рӯшании шамъ рӯз кунад. Ҳамагӣ барои як рӯз аз дачаҳои ҳукуматии доимо фурӯзон бо оби гарму хунук фаромӯш кунад.
Амонулло Ҳукумов аз баҳри билети тайёра гузашта, ҳамроҳ бо ҳазорон муштарияш бо қатор, ки журналистони рус “Шайтан-поезд”-аш номиданд, то Русия биравад.
Шукурҷон Зуҳуров, ки ахиран зери қонун дар бораи нафақа имзо гузошт, ҳамагӣ як моҳ танҳо бо маблағе, ки қарор аст зимни нафақа рафтанаш бигирад, зиндагӣ кунад.
Сафиаллоҳ Девонаев як моҳ не, як ҳафта дар Русия паҳлӯи муҳоҷирони тоҷик рост истад. Бигзор дасташро дар оби хунук назанад, роҳҳоро тамиз насозад, гачхок накашад, гачтахта набурад, рангу ширеш накунад ва деворнигораҳоро начаспонад. Танҳо паҳлӯи ҳамватанони худ рост биистад.
Рамазон Раҳимов савори “Опел” аз қисмати ҷанубии Душанбе то дарвозаи шимолии он ҳаракат намуда, мушоҳида кунад, ки кормандони БДА чанд бор мошинашро нигоҳ медоранд ва вақте ӯ мошинро 40 км/с меронд, нозир бо дуруштӣ радарро пеши чашмаш оварда, рақами 70-ро нишон медиҳад.
Нусратулло Салимов бо либосҳои оддӣ вориди наздиктарин беморхонаи ҷои истиқоматаш шавад. Вақте баъди ҳар ташхис дар варақ бемориҳои зиёдеро пайи ҳам менависанду чанд баробари он дору навишта ва ҳатман таъкид мекунанд, ки аз фалон дорухона рафта харед...
Мешавад, ин матлабро хеле дуру дароз кард. Аммо шарт нест. Муҳим ин буд, ки бигӯем, вақте расида то мансабдорон бо мардум наздик шаванд. Дар охир барои онҳое, ки нафарони дар боло овардаро намешиносанд, ёдрас менамоям, ки аввалӣ вазири энергетика ва саноат, дувумӣ вазири нақлиёт, сеюмӣ раиси Хадамоти алоқа, чорумӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик”, панҷумӣ сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, шашумӣ раӣӣиси Маҷлиси намояндагон ва собиқ вазири меҳнат, ҳафтумӣ раиси Хадамоти муҳоҷират, ҳаштумӣ вазири умури дохилӣ ва нуҳумӣ вазири тандурустӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |