Қарзи зиёди Душанбеву Бишкек иқтисодашонро поин бурдааст
Рушди иқтисодии Қирғизистон ва Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи хеле поин қарор дорад.
Динора Юлдошова, масъули барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Бишкек, гуфтааст, сабаби аслии поин будани мизони рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, боло рафтани қарзҳои хориҷии ин кишварҳо мебошад. Зеро ба гуфтаи Юлдошова, ин раванд барои ба даст овардани маблағҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ барои Бишкеку Душанбе монеъ мегардад.
Масъули барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси молӣ, мизони фақр ва тавоноии содироти кишварҳо яке аз авомили таъсиргузор дар раванди ба даст овардани қарз ва эътибороти байналмилалӣ мебошад, ки ин ин авомил дар Қирғизистону Тоҷикистон ғайриқобили қабул аст. Зеро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бояд, мизони даромади ҳар як шаҳрванд зиёда аз 2 доллар бошад, ки мутаассифона, аз ин нигоҳ ин ду кишвар дар радифи давлатҳои африқоӣ қарор доранд.
Манбаи аслии таъмини моли Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони корияшон аз Русия мебошад. Аз ин рӯ, ин ду кишвар, дар бозпардохт кардани қарзҳои хориҷии худ бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд ва ин амал имкони дарёфти қарз ва эътибороти моли ҷадидро маҳдуд мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |