Дар Узбакистон байрақи Ҳиндустонро чаппа овехтаанд
Байрақи миллии Ҳиндустонро дар шаҳри Самарқанд чаппа овехтаанд. Ин ҳолатро расонаҳои Ҳиндустон беэҳтиромӣ нисбат ба ливои худ маънидод кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо 23-юми май Ҳамид Ансорӣ, ноиб-президенти Ҳиндустон дар чорчуби боздидаш аз Узбакистон аз шаҳри Самарқанд дидан кард. Журналистони ҳинду, ки Ансориро ҳамроҳӣ мекардаанд, мушоҳида намудаанд, ки дар яке аз меҳмонхонаҳои Самарқанд байрақи Ҳиндустон болопоин овезон шудааст. Баъди ишораи журналистон зуд, ин иштибоҳро ислоҳ мекунанд.
Байрақи миллии Ҳиндустон серанга буда, ранги заъфарон аз боло, ранги сафед дар миёна ва ранги сабз аз зер аст. Дар миёнаи байрақ акси чарх бо 24 сузани рангаш кабуди торики онро пайвасткунанда нақш ёфтааст.
Ҳамид Ансорӣ, ноиб-президенти Ҳиндустон 22-юми май бо як сафари чоррӯза вориди шаҳри Тошканд шуда, бо Ислом Каримов, райиси ҷумҳури Узбакистон, Илгизар Собирова, райиси сенати Маҷлиси олӣ ва Дилором Тошмаҳмадова, райиси палатаи поёнии парлумон мулоқот намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |