Эълони баргузории рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон аз 23-юм то 27-уми июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ин нуктаро рӯзи 24-уми май Виктор Никитюк, сафири Украина дар Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, баён дошт.
Вай гуфт, вазорати фарҳанги Украина нақшаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистонро дар нимаи дувуми моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ кардааст.
Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, дар доираи рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон, қарор аст, барномаҳои консертии ансамбли вокалӣ-инструменталии «Древляни», Оркестри миллии академии асбобҳои халқии Украина, ҳафтаи синамои Украина пешкаши сокинони Тоҷикистон гардад. Ҷаноби Раҳматуллоев илова кард, ки ҳайати расмии ҷониби Украиниро муовини вазири фарҳанги ин кишвар Виктор Балюрко роҳбарӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |