Шумори барномаҳои телевизиони «Сафина» алъон ба 50 мерасад.
Ояндаи наздик таҳияи як қатор барномањои ҷолибу рангоранг ба нақша аст, иброз дошт Лутфулло Давлатов, директори муассисаи давлатии телевизиони «Сафина». Номбурда, ки аз фаъолияти шаш моҳаи телевизион дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд «Ҳукм», Фуруғ ва «Нигоҳи роз» аз барномаҳои ҷадиди телевизони мазкур буда, бештар ба масоили ҳуқуқиву ахлоқӣ ва таълиму тарбияи фарзанд бахшида хоҳанд шуд. Ба иттиллои Лутфулло Давлатов ТВ «Сафина» тасмим дорад, намояндагиҳои худро дар минтақаҳои Тоҷикистон боз намояд. Ҳамчунин номбурда гуфт, ки рӯзҳои наздик дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута тасмим доранд, теъдоди тамошобинони худро дақиқ намоянд. Ба гуфтаи Давлатов чунин иқдом дар телевизионҳои кишварҳои хориҷ пайваста анҷом мешавад. Вай афзуд: «Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввалин буда, зимнан теъдоди тамошобинони телевизионҳои дигари ҷумҳурӣ низ муайян хоҳанд шуд». {jathumbnail off}
Мӯҳр