Амалиёти "Кӯкнор-2013" дар роҳи оҳан мегузарад
Рӯзи 24-уми май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» бо ҳузури масъулони додситонии нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи амният ва намояндагони «Роҳи оҳан» баргузор гардид.
Тавре аз Агентии мубориза бо мухаддирот хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи пурзӯр кардани назорат аз болои ҳаракати қаторҳо дар роҳи оҳан, ки аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ҳаракат менамоянд, баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин бахш тасдиқ карда шуд.
Бо ҳадафи пешгирии қочоқи маводи нашъадор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияқарор шуд, ки бо кормандони роҳи оҳан корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гарданду ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия таҳким бахшида шавад.
Иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омаданд, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» иҷрои нақшаю чорабиниҳоро аз нав дида мебароянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |