Вакилони дифоъ: Дастрасӣ ба Зайд Саидов мушкилтар шуд
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, шаби 24-уми май ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ интиқол ёфтааст.
Дар ин бора яке аз вакилони дифои Зайд Саидов иттилоъ дода афзуд, нафари таҳти ҳимояти онҳо баъд аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба боздоштгоҳи муваққат фиристода шудааст. Баъди интиқол ба боздоштгоҳи амният ба гуфтаи вакилони дифоъ дастрасӣ ба Зайд Саидов мушкилтар хоҳад шуд ва минбаъд мулоқот бо ӯ танҳо дар асоси иҷозати роҳбари гуруҳи тафтишотӣ сурат хоҳад гирифт. Зайд Саидов аз рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, то кунун дар Оҷонсии мубориза бо фасод нигоҳдорӣ мешуд.
Рӯзи 23-юми май Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон ба ҳолпурсии оқои Саидов рафта, бо ӯ дар бораи шароити нигаҳдорияш мулоқот анҷом дод. Раҳбари гуруҳи ташаббаускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав дар суҳбат бо омбудсмен гуфтааст, аз шароити нигаҳдории худ шиквае надорад, вале аз қазияе, ки ба сараш омад, сахт нигарон асту онро сиёсӣ медонад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, ӯ гуноҳе надорад ва тамоми фаъолияташ барои беҳбуди вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва шароити хуб сокинон равона шудааст.
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳам ҳукм кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел эълон кард, Тоҷикистон нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.
Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллуби 2 миллион сомонӣ ва чандҳамсарӣ, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ғайриқонунист, муттаҳам мешуморанд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |