Зане, ки 7 сол дар қабристон зист: Аз мурдаҳо не, аз зиндаҳо бояд тарсид!
Як хонаводаи муҳоҷир аз Қирғизистон ҳафт сол мешавад, ки дар қабристони марказии шаҳри Алмаато (Қазоқистон) зиндагӣ дорад.
Сомонаи voxpopuli.kz гузориши тасвириеро бо чанд шарҳи кӯтоҳ аз зиндагии ин хонавода пешниҳод кардааст. Марғуба, зане, ки аз 43 соли умр ҳафт соли онро дар гӯристон сипарӣ кардааст, гуфта, ки ҳамроҳи шавҳар ва чор фарзанди худ 13 сол қабл барои мардикорӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон кӯч баста буданд.
“Дар Қирғизистон зиндагии қашшоқонае доштем. Дар як хона ҳамроҳ бо хусурам 25 нафар зиндагӣ мекардем. Шавҳарам гуфт, ба Остона меравем. Онҷо ман Миркомил, писари хурдиямро таваллуд кардам. Баъд, ба Алмаато рафтем”,-нақл кардааст Марғуба.
Ба гуфтаи ӯ, вақте дар Алмаато кор меҷустанд, як мард пешниҳод кардааст, бар ивази 10 000 доллар манзилашро бунёд кунанд, аммо ягон пули пучак надода, ҳуҷҷатҳояшонро дарондааст: «Баъд барои як мансабдор бустонсаро сохтем. Дар кадом як доманкуҳ. Моро ба мошин бурданд ва то анҷоми сохтмон раҳо накарданд. Ин мансабдор ҳам ба мо пуле надод. Пулисро ҷеғ зад ва моро ба ҷои нигаҳдории бехонаҳо бурданд. Мо аз он ҷо гурехтем. Дар зери купрукҳо шабро рӯз мекардем. Як рӯз бо гадоҳо рӯбарӯ шудем. Ман тамоми воқеоти ба сарамон омадаро ба онҳо нақл кардам. Маро назди холаи Галя, ки дар наздикии қабристон зиндагӣ мекунад, бурданд ва мо дар оташдони ӯ зиндагӣ кардем.”
Марғуба гуфтааст, ду моҳ ин ҷо зиндагӣ кардаанд. Дар назди қабристон як корхонаи хишт ба кор оғоз мекунад ва соҳибонаш аз рӯйи дилсузӣ ба онҳо хиштҳои шикастаро медиҳанд: “Дар қабристон як манзили фақирона сохтему то имрӯз зиндагӣ дорем. Агар дар кӯча ба дасти кормандони пулис афтӣ, тамом. Мо, ки ягон ҳуҷҷат надорем, барои раҳоӣ 10-15 ҳазор танга мегиранд. Агар ин маблағро надиҳӣ ба кореягиҳо мефурӯшанд ва онҷо то охири умрат дар замин кор мекунӣ. Чанд бор ба дасти пулис афтодаем. Як рӯз тоқат накарда, дар раёсати умури дохилӣ дод задам, ки то кай мисли ғуломон кор кунам, ман ҳам одам ҳастам, кӯдак дорам. Агар тамоми умр ба онҳо пул диҳам, фарзандони худро чӣ гуна мехӯронам? Барои кӯмак ба барномаи «Ҳақиқати дигар»-и телевизиони КТК муроҷиат кардам. Баъди барнома як зан ваъда кард, ки дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон кӯмак мекунад, аммо дигар занг назад. Агар шаҳрвандии Қазоқистонро бигирам, аққалан дигар пулисҳо ғам намедиҳанд.”
Ин зан меафзояд, “духтари калониям Одина дар Қараганда зиндагӣ мекунад. Ду моҳ шуд, ки дар беморхона аст. Набераҳоро ман овардам. Абдулло 4-сола ва Марям 2,5-солаанд. Фарзандони хурдии ман Мадина ва Миркомил барои кӯмак назди апаашон ба Қараганда рафтаанд. Писари калониям Ҷаҳонгир дар таваққуфгоҳи мошинҳо кор карда, шабро ҳамон ҷо рӯз мекунад. Дар як ҳафта танҳо як рӯз меояд, то маблағи коркардаашро зиёд сарф накунад.”
Марғуба, ки дар зиндагӣ азоби зиёд дидааст ба саволи хабарнигори voxpopuli.kz, ки аз зиндагӣ дар гӯристон наметарсад чунин ҷавоб додаст: «Дар қабристон зиндагӣ кардан роҳаттар аст, барои чӣ аз мурдаҳо бояд тарсид, аз зиндаҳо тарсидан даркор»!Акс аз voxpopuli.kz
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |