Бахшҳо
24 май 2013 10:27Тоҷикистон / Сиёсат

"Тарс ва нобоварӣ монеи сохтмони нерӯгоҳи Роғун шудааст"

Грант Смит, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон, дар нишасте бо ҳузури як гуруҳ аз хабарнигорону соҳибкорони тоҷик дар Вашингтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои Тоҷикистон бо Русия рақобат надорад.

Ӯ, ки аз соли 1995 то соли 1998 сафири ин кишвар дар Душанбе буд, назарҳоро дар бораи ин ки Амрико ба дунболи манфиатҳояш дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон бо Русия дастбагиребон хоҳад шуд, нодуруст хонд.

Оқои Смит афзуд, мавқеи Амрикову Русия барои Тоҷикистон мисли оғози қарни гузашта миёни Бритониёву Русия нест. “Манофеи Амрико аз соли 1991 ба ин сӯ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тағйир накардааст. Ҳадафи мо танҳо демократия ва амнияти минтақа мебошад”,-афзуд Смит.

Сафири собиқи Амрико ба масъалаи тақсими захоири оби минтақа ҳам ишора карда ва гуфт, Тоҷикистон барои обаш ҳақ дорад, вале ба гуфтаи ӯ бидуни иҷозаи Узбакистон наметавонад коре анҷом бидиҳад. Вале, афзуд ӯ, Узбакистон тақсими обро аз як масъалаи ҳамсоядориву иқтисодӣ ба як мавзӯи ҳассоси сиёсӣ табдил додааст.

Дар ҳамин ҳол, Лесли Вигуэри, раҳбари Идораи умури Осиёи Марказӣ дар Вазорати умури хориҷии Амрико, ки дар ин суҳбат иштирок дошт, ба масъалаи бунёди Роғун ишора кард. Ӯ гуфт, Амрико дар масъалаи сохтмони Роғун ягон мавқеъ надорад.

Вай афзуд, аз сабаби он ки Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои болооби минтақаанд, нобоварии Узбакистонро барои тақсими мунсифонаи об дар минбаъда ба бор овардааст. “Чаро ки Тошканд бовар дорад, дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои бузург киштзорҳояш ташналаб хоҳанд монд. Дар ин маврид танҳо ҳамкорӣ метавонад роҳи ҳал бошад ва амри зарурист”,-таъкид кард Вигуэри.

Ин ду дипломати амрикоӣ ба масъалаи интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон ҳам дахл карда ва гуфтанд, хоҳони интихоботи озоду шаффофанд. Вале онҳо гуфтанд, ин ҳама аз худи сокинон ва интихоби онҳо вобаста аст, ки киро ба ҳайси раҳбари худ бармегузинанд.


Дар акс: Грант Смит, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)