Нишасти садамавии Боинги "Тоҷик Эйр" дар Хуҷанд (НАВШУДА)
Тайёраи “Боинг” –и Тоҷик Эйр, ки субҳи имрӯз, 24-уми май аз Маскав ба Хуҷанд парвоз кард, дар ҳаво ба мушкили техникӣ рӯ ба рӯ гардидааст.
Тавре як корманди фурудгоҳи Хуҷанд, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҳаво як чархи ин тайёра аз кор баромадааст ва дар натиҷа ҳайати тайёра баъд аз гардиш дар фазои Хуҷанд ва харҷи сӯзишворӣ тариқи садамавӣ дар фурудгоҳ фуруд омадаанд. Ин шоҳиди ҳодиса мегӯяд, тайёра аз хати фуруд берун рафта, дар байни дарахтҳо қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ ягон кас аз мусофирон зарар надидааст. Манобеи Озодагон дар Хуҷанд мегӯянд, дар ин муддат тамоми роҳҳо ба сӯи фурудгоҳ баста шуда, мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҳам дар он ҷо ҳозир шуда буданд.
Дар ин ҳавопаймо ҳудуди навад мусофир будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |