Тоҷикистон дастрасӣ ба Ютуб (Youtube)-ро маҳдуд кард
Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) масдуд гардидааст. Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, аз шоми дирӯз, 23-уми май, наметавонанд, вориди ин шабака шаванд.
Ворид шудан ба ин шабака дар ҳоле қатъ гардидааст, ки рӯзи 18-уми май наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шабакаи YouTube ба намоиш гузошта шуда буд.
Қабл аз ин, рӯзи 21-уми май дастрасӣ ба сомонаи интернетии телевизиони К+ (www.kplus-tv.net) масдуд гардида буд, ки чанд рӯз пеш тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистонро дар шарҳи Додоҷони Атовулло, яке аз мухолифони ҳукумат пахш кард. Ин навор, ки рақсу бозиҳои раисиҷумҳур ва хонаводаи ӯву бархе аз ҳукуматдоронро намоиш медиҳад, вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |