Бахшҳо

Чаро мақомот якбора ба Зайд Саидов дарафтод?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Агар муаллим, шоир, нависанда, табиб, фурӯшанда, тракторчӣ ё ақаллан тоҷир мебудам, бидуни ҳеч дудилагӣ ба гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав мепайвастам. Аммо пешаи рӯзноманигорӣ ба ман ин иҷозаро намедиҳад.

Вазъияте, ки ҳамагон дар ин шабу рӯз шоҳиди он ҳастем, боястӣ, ҳар нафари андешамандро такон бидиҳад. Аз имрӯз, фардо ва ояндаи худу фарзандон, ояндаи кишвару миллат биандешад…

Аслан пешгӯикунанда буд, ки ҳар тасмим дар мавриди таъсиси ҳаракат ё ҳизбҳои сиёсии ғайрикисагӣ ҳатман ба вокунишҳо рӯбарӯ мешавад. Барои далел кофист, ки аз ҳизбҳои Ваҳдату Тараққиёт мисол бизанем, ки талошҳои давомдорашон пушти дари Вазорати адлия барои сабти ном бенатиҷа монд. Ин намунҳоро дар масали мардумӣ «об дар ҳован кӯбидан» мегӯянд.

Аммо шеваи ҳамлаи дастаҷамъиро дар намуди нав алайҳи лидери Тоҷикистони нав касе интизор надошт. Бале, манзур қазияи Зайд Саидов аст, ки аллакай бештари коршиносон ба сиёсӣ будани он ишора мекунанд. Дар ин маврид қариб тамоми ниҳодҳои давлатӣ даст ба кор шуданд. Прокуратура ҳам аз худ дарак дод, додгоҳу агентии мубориза бо фасод низ, ҳоло дар бораи анҷумани соҳибкорон дертар хоҳем гуфт.

Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе ӯро дар зудтарин фурсат аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кард (дар ин вақт аллакай Зайд Саидов боздошт шуда буд). Телевизион ҳам қафо намонд ва дар сиёҳ кардани Зайд Саидов бо пешниҳоди гузоришҳо саҳми худро гузошт. «Нависанда»-ҳо ҳам бекор намонданд. Кадом як Мамадазизов дар маҷмӯаи ҳаштсаҳифаӣ гӯиё чеҳраи воқеии Саидовро ба мардум ошкор кард. Дар нашрияҳои давлатӣ матлабҳои зидди саидовӣ зиёданд. Бояд қайд кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин қазия нақши калидӣ дорад.

Акнун ҳоло бештари ҳамраҳонаш, ки ҳамеша паҳлӯяш буданд, яке-яке гурӯҳи ташабускорро тарк карданд (ҳарчанд ҷойи онҳо холӣ намонд ва нафарони маъруфе, назири Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Барзуи Абдураззоқ, Ғуломиддин Сайфиддинову Темур Варқӣ дарҳол ба гуруҳи ташаббускор пайвастанд).

Шӯрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро, ки раҳбарии ӯро Зайд Саидов бар уҳда дошт, барҳам заданд.

Дар робита, саволҳои зиёд интизори посуханд. Чаро мақомот якбора ба Зайд Саидов дарафтод? Магар имкон надошт, ки ҳизбашро сабти ном накунад? Тавре боло ишора кардем, дар ин кор таҷриба ҳам доранд. Чаро дар арафаи интихоботи президентӣ якбора аз чунин шева кор гирифтанд? Магар фикр накарданд, ки ин қазия метавонад ба имиҷи кишвар латма ворид созад? Махсусан дар соле, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Чӣ омил сабаб шуд, ки мақомот худро ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ бикашанд?

Ба ин саволҳо шояд ҳар нафар посухи худро дошта бошад, вале ба ростӣ ман ҷавобе пайдо накардам. Танҳо андешаи бархе соҳибназарон, ки мегӯянд обрӯ ва маъруфияти Зайд Саидов сабаби чунин бархӯрд бо ӯ шуд, ба мантиқ дуруст менамояд. Зайд Саидовро тоҷири муваффақ ва пойбанд ба арзишҳои инсониву мусалмонӣ муаррифӣ мекунанд. Нафаре, ки натиҷаи кораш барои аксар маълум аст. Шахсе, ки танҳо фикри худро намекунад, дар андешаи дигарон низ ҳаст.

Дар ин қазия як савол аз рӯзи аввал азиятам медод ва то ин соат ҳам натавонистам ба он посух пайдо кунам. Ҳамаи ҷурмҳое, ки алайҳи Зайд Саидов эълон карданд, амалҳое нест, ки ӯ баъд аз тасмим дар мавриди Тоҷикистони нав анҷом дода бошад. Масалан, додситонии шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия аз бисёрзании ӯ хабар дод. Оҷонсии зиддифасод ҳам чанд ҳолатро ном бурд, ки аслан ба замони вазири саноат будани вай- солҳои 2006 рост меояд. Яъне, мақомот то имрӯз аз ин ҳолатҳои зидди қонунии Зайд Саидов магар хабар надоштанд? Агар медонистанд, пас бояд онҳоро низ ҳамроҳ бо Саидов ба ҷавобгарӣ кашид, зеро ҷиноятҳоро дидаву дониста рӯпӯш кардаанд.

Мани журналист, ки дар ҷараёни ҳамаи ин хабару гузоришҳо қарор дорам, ба назар мерасад, аз ҳама кори дунё «бехабар» будаам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
Ватан
Дуруст тамоми мардум аввал хизби таъсиси медодаи Зайд Саидро кисаги мегуфтаанд.Аммо вакт нишон дод ки тахлилхо хато аз осмон будаанд.Ин баёнгари он аст ки дар Точикистон фазои сиёсиву иктисоди бисёр печидаву муракаб ва тахлил нашавандааст.Мо фардо намедонем дар точикистон чи рух медихад ва хато то андозае тахлилхоямон аз вокеияти имрузаи кишвар комилан дур аст.Аммо бояд донист ки ин раванд ба давлату давлатдории мо ва ояндаи миллат хатари чидди дорад!

Agar u kylobi meshyd bo y chynin namekardand gynohi tanho hamin as ki y garmi ast va onho garmii symdor didn namehohand.

э чурахо,чи ай яг вофчик ика герой метроше. вардор вардорш накне бо мегум ай ами Эмомалии чу намуне.

Дохунда бародари азиз суханони пеш, ки вофчику юрчик буд, ки чандин хазор бародари точикро бо ин номхо тухмат карда куштанд гузашт...
Инсоният аз ду холат намехохад, ки аз вазифа дур шавад.
Аввал шахсе, ки бенихоят ободи кардаистодааст ва мехохад, ки корашро ба сари баланд ба поен расонад.
Дуввум шахсе, ки гунохи бисег дорад ва метарсад, ки агар вазифаро аз даст дихад уро гунахкор мекунанд ва ё нобут мекунанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)