Интиқоди Хадамоти муҳоҷират аз касбияти муҳоҷирони тоҷик
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардааст, ки дар сурати идомаи ин раванд муҳоҷирони тоҷик дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатнопазир хоҳад буд.
Аз хадамоти мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки тамоюли паст шудани маълумотнокии муҳоҷирон мисли солҳои қаблӣ идома ёфта, айни ҳол 6,1%-и муҳоҷирони меҳнатӣ дорои маълумоти олӣ, 9,1%- миёнаи касбӣ, 57% - маълумоти миёна ва 27% дорои маълумоти миёнаи нопурра мебошанд.
Аслишо Нодиршоев, сардори шӯъбаи таълими касбии муҳоҷирони меҳнатии сарраёсати ин хадамот, мегӯяд, натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои касбӣ (коргарӣ) дар соли 2009 нисбат ба соли 2004 ба таври назаррас коҳиш ёфта, аз 20,9% то 11,8% паст гардидааст: «Дар баробари ин, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии бекасб, агар соли 2004 - 68,5%-ро аз теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил дода бошад, пас ин нишондод соли 2009 боз ҳам паст гардида то 77,9% расидааст».
Манбаъ мегӯяд, сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои касбӣ нисбат ба соли 2009 – 2,7% коҳиш ёфта, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии бе касби муайян 84%-ро ташкил додааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ буда, азнавсозиро дар системаи касбомӯзии кишвар талаб менамояд.
Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, вақти он расидааст, ки ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ба омодагии касбӣ ва сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатии кишвар диққати ҷиддӣ диҳем, зеро воридшавӣ ба бозори меҳнатии ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз мушкил ва рақобат дар бозори меҳнат душвортар мегардад: « Ин моро водор месозад, ки муҳоҷири меҳнатии дорои касби муайян тайёр намоем, зеро ҷаҳони имрӯза ба мутахассиси касбӣ ниёз дорад, на муҳоҷири мардикор».
Бино ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи якуми соли равон 7 ҳазору 990 нафар шаҳрвандон дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба таҳсил фаро гирфта шуда, аз онҳо 3 ҳазору 693 нафар курсҳои мазкурро хатм намуда, айни замон 4 ҳазору 297 нафар таҳсилро идома дода истодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |