Самбочиёни тоҷик дар Кореяи ҷанубӣ сабқат мекунанд
Самбочиёни тоҷик барои ширкат дар Чемпионати Осиё ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунанд.
Тавре Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо, рӯзи 23-юми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, аз 31-уми май то 3-юми июни соли равон дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, Чемпионати Осиё дар риштаи самбои муҳорибавӣ миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон миёни писарон ва духтарон баргузор мегардад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 25 нафар самбочии дар синну соли гуногун, ҳам миёни духтарон ва ҳам дар миёни писарон муаррифӣ хоҳанд кард.
Сулаймонов, ки дар ин мусобиқа шогирдонашро ҳамроҳӣ мекунад мегӯяд муддати 10-15 рӯз аст, ки бо ҳамроҳии онҳо дар толори Манеж машқи дастаҷамъӣ гузаронида истодаанд ва қарор аст, ки рӯзи 29-уми май ба сафар бароянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |