Парлумони Туркманистон барои аввалин бор дуҳизбӣ мешавад
Интизор меравад, Маҷлиси Намояндагони Туркманистон барои аввалин бор дуҳизбӣ шавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон гуфтааст, агар дар интихоботи парлумонии дувуми июни соли ҷорӣ кадом ҳизбе аз 5 курсии холӣ якеро соҳиб шавад, маҷлиси намояндагони туркман барои бори нахуст дуҳизбӣ мешавад.
Бино ба иттилои ин марказ, Авазмуҳаммад Муҳаммадов, раиси ҳизби тозатаъсисшудаи “Cанъатгарон ва корофаринон”-и Туркманистон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Охол номзад мебошад: “Агар Муҳаммадов ба рақибонаш пирӯз шавад, дар таърихи парлумони Туркманистон сафҳаи наве боз хоҳад шуд.”
Ба гузориши расонаҳои туркманӣ, дар интихоботи миёнадаврии Туркманистон 13 номзад барои 5 курсӣ рақобат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |