Путин баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек меравад
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар доираи як сафари расмӣ вориди Бишкек хоҳад шуд.
Расонаҳои русӣ аз қавли Михаил Емелянов, вакили Думаи Русия иттилоъ медиҳанд, ки қарор аст, Владимир Путин дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ ба Қирғизистон сафар кунад.
Ба гуфтаи Емелянов равобити миёни Русия ва Қирғизистон хеле хуб густариш ёфта, вале ҳанӯз дар барномаҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба таври дилхоҳ намебошад.
Емелянов мегӯяд, “Русия муштоқи ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мебошад, то равобит миёни ин ду кишвар такмил ёбад. Инчунин, ин сафари Владимир Путин ба Бишкек барои боз ҳам беҳтар шудани равобити ҷонибҳо сабаб хоҳад гардид.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |