Эрон имсол аз Ҳамадонӣ ёд мекунад, Тоҷикистон дар соли 2015
Эрон ба хотири бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, адиби шинохтаи форсу тоҷик, ҳамоишеро баргузор менамояд.
Алиашрафи Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфтааст, қарор аст, моҳи октябри соли ҷорӣ маросими бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Эрон баргузор шавад.
Ба гуфтаи Шабистарӣ, ба ин чорабинӣ меҳмонҳо аз Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндустон даъват хоҳанд шуд. “Бар асоси музокирот ва ройзаниҳои анҷомшуда, дар соли 2015 низ маросими бузургдошти ин марди шинохта дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қаблан аз ЮНЕСКО дархост карда буд, рӯзеро барои бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муайян кунад. Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон, зимни ишора ба чопи чандин асари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Эрон, омадагии кишварашро барои ба нашр расондани осори боқимондаи ин шоири барҷастаи тоҷик эълон намуда, гуфтааст, аз ин пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ҷонибдорӣ хоҳад кард. Инчунин, ҷонибҳо ба таври касбӣ ҷашн гирифтани ин рӯйдодро дар соли 2015 ишора намудаанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт ва адиби ширинсухани форсу тоҷик соли 1314 ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Тошканд маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажухишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 асари ӯ гирдоварӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |