Бахшҳо

Темур Варқӣ ба гуруҳи ташаббускорони Тоҷикистони нав пайваст

Темур Варқӣ, адиб ва шоири русзабони Тоҷикистон, 22-юми май расман ба гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав пайвастааст.

Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускор дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ҷаноби Варқӣ барои ворид шудан ба гурӯҳ муроҷиат кардааст ва гуруҳ хоҳиши ин адиби шинохтаро пазируфт: "Темур Варқӣ бо муроҷиати худ аз шакли мубориза бо ҷонибдорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳори нигаронӣ карда ва ворид шудан ба ин гурӯҳро вазифаи қарзии инсонӣ ва шаҳрвандии худ унвон намуд».

Темур Варқӣ ҳамзамон гуфтааст, дар чунин лаҳзаҳои вазнин бояд бо ҷонибдорони ин гурӯҳ бошад ва ҳар коре аз дасташ меояд, барои расман таъсис ёфтани ин ҳизб анҷом хоҳад дод. Инчунин давоми ду рӯзи ахир Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики тоҷик, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр расман эълон карданд, ки ба гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” пайвастаанд.

Аз ташаббускорони қаблӣ ҳозир дар ин гуруҳ, роҳбари гуруҳ, соҳибкори боздоштшуда, вазири пешини саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва Мавҷуда Соҳибназарова боқӣ мондаанд.

Ин гуруҳ аввали моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, ба аксуламали шадиди мақомот рӯ ба рӯ шудааст.

Дар пайи аксуламалҳо ва боздошти роҳбари ин гуруҳ давоми ду рӯз аз ташаббуси таъсиси ҳизб 5 нафар даст кашиданд. Аз ҷумла рӯзи 21-уми май, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллӣ, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ва Бахтиёр Баҳодуров, коршиноси мустақил аз ин гуруҳ хориҷ шудаанд. Аз ин қаблтар Абдураҳим Алиев, собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Ҳафизов, муовини раҳбари ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» низ аз гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хориҷ гардиданд.
Мӯҳр
Иброхим
ОФАРИН ТЕМУР!!! ДАР ВАЗЪИЯТИ САНГИН СИФАТИ АСИЛИ ХАР ЯК ИНСОН МУАЯН МЕГАРДАД...

ихтиёри содикона муборак, муборак. Новобаста аз фишору тазйиқ ва буҳтонну номардӣ ба сафи ин ҳизби мардуми муборизони воқеӣ пайваст ҳоҳанд шуд ва идеяи асосгузори Тҳҷикистони нав Зайд Саидов амалӣ ҳоҳад шуд ва пирузи бо шумост..

Гумонам хар кас хукуки озодона ба интихоби аъзогии ин ё он хизбро дорад.

Шахсоне, ки дар аввал барои ташкил кардани ин хизб якчо буданд ва акнун баромаданд ва ё аз он тарсиданд, ки бекор мемонанд ё аз унвонхояшон бенасиб мегарданд ин аз руи адолат нест, ки рохбарашонро тухмати бар дуруг карда дар холати фишор аст партоянд. Вале рахмат кунад гузаштагони мухтарам Темурро ки дар хамин холат хам тарафдори мекунад.

Хакталаб
Зихи Темур! Як бори дигар амалан нишон доди, ки зиёи будан ин дар душвортарин лахза карори часуронаву дуруст кабул кардан аст. Кошки миллат мисли ту фарзандони вокеан зиёии бештар медошт...

Эхааааа! Ин чи гап! Боз хамон шоирону сиёсатбозихои солхои 90-ум огоз шудаастеее! Дар илм исбот шудааст, ки сиёсатбози эхсоси (филологхо деее) хама вакт фиребхурдаанд! Кучо шуд дигар масъалагузорихои хизби Точикистони нав, аз асли максад фарсаххо дур шуда бурафтед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)