Дӯсти ман Зайд САИДОВ
Далери ҒУФРОН, журналист
Ҳар қадар, ки ӯро туҳмат ва таҳқир бикунанд, ҳамон андоза эҳтиром ва ифтихори ман аз дӯстӣ бо ин шахси барӯманд меафзояд.
Вобаста ба тақдири Зайд Саидов ва балоҳое, ки ба сараш омаданд, ҳамагон медонем. Дар баробари ӯ маъракаи сиёҳкуние густурда шуд, ки мисолашро таърихи навини тоҷик дар хотир надорад. Ин ҳама таъқибу фишор то ҳадде авҷ гирифт, ки ҳеч яке аз афроди ҳушманд ва солимфикр онро тасаввур ҳам карда наметавонистанд.
Ман ки бо эшон ифтихори ҳамнишинӣ ва дӯстӣ дорам, ин ҳама саҳнаи олуда бо кизб бароям хеле нафратовар менамояд.
Вақте ин сатрҳоро менавиштам, баъзан дӯстон тавсия медоданд, ки эҳтиёткор бошам. Дуруст, ҳоло вазъият дар ин хусус хеле ҳассос аст, аммо вақте виҷдон ором намегузорад, чигуна метавон бетараф буд???
Аз ҷониби дигар, агар Зайд Саидов инсони накуном намебуд, ман ин масъулияти сангинро бар дӯш намедоштам. Ӯ барои амали неки худ, ки мехост дар як гӯшаи ин ватан (давлат) масъулияте барои рафъи мушкилоти мардум дошта бошад, агар ба бало печид, пас мани кӯчак ҳам бо дарки ин масъулият, ин сатрҳоро менависам.
Фаросату эҳтироме, ки ӯ дар баробари ҷомеа ва арзишҳои инсонӣ дошт, ҷоиз аст, ки имрӯз ҳар касе, ки ӯро воқеан мешинохт, масъулияти инсонии худро ба ҷо орад.
Ҳар нафари дигаре ҳам, ки дар баробари ӯ ба ин сарзамин эҳтиром қоил аст, агар ба мушкиле рӯ ба рӯ гардад, мо бояд ҳатман ҳамдилии худро дареғ надорем.
Ҳар масъули давлатӣ, ки шинохти солим аз арзишҳои миллӣ ва давлатӣ дорад, агар ҳамчунон ба пешаи худ содиқ бошад, пас ҳеч газанде ба ин миллату давлат нахоҳад расид.
Яъне ҳукумат бояд пеш аз ҳама аз афроде ҳазар бикунад, ки бетараф ҳастанд. Фардо худое накарда ҳар мушкиле ба сари ин миллат пеш ояд, боз ҳам ин бетарафон бетараф хоҳанд буд.
Дур намеравем, чанд рӯз пеш, вақте Владимир Жириновский ҳарзагӯйӣ мекард, маҳз Муҳиддин Кабирӣ, ки мухолифаш меноманд, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба ҳимояи президенти кишвар бархост, ки амали давлатмардона буд.
Ҳоло бисёриҳо ҳазар мекунанд, ки дар ҳимояи Зайд Саидов ибрози назар кунанд, то ба сиёсат печида нагарданд. Аммо пеш аз он, ки мо аз сиёсат андеша кунем, бояд масъулияти инсониро фаромӯш насозем.
Соҳибкор ва роҳбари Гурӯхи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов бо хусусиятҳои вежае, ки дорад, як инсони наҷиб мебошад.
Аввалин ва муҳимтарин нуктае, ки мехоҳам таъкид намоям: шояд ӯ аз камтарин сарватмандони кишвар аст, ки ҳамнишинонаш аслан афроди қаторӣ ва зиёиву фарҳангиёнанд. Ин як воқеияти нотакрор аст. Масали машҳуре, ки инсонро метавон аз ҳамнишинонаш бишнохт, зарурати шарҳе надорад.
Вобаста ба сиёсат рӯ овардани Зайд Саидов. Боре ба эшон гуфтам, ки «сиёсат палид аст», - мегӯянд, аз ин рӯ шояд беҳуда худро олуда месозед… Аммо ӯ ба ин андеша қатъиян зид буд, балки мегуфт, ки ин инсонҳо ҳастанд, ки сиёсатро палид месозанд ва таъкид мекард, ки ҳар фарди ватандӯст, новобаста аз ҷойгоҳи иҷтимоияш, бояд мавқеи шаҳрвандии худро нисбат ба мушкилоти ҷомеа дошта бошад…
Як лаҳзаи дигаре аз мушоҳидаҳо дар зеҳнам боқист. Ӯ воқеан як инсони хирадманд аст. Як нафар барои пиёда сохтани лоиҳае ба эшон пешниҳоди тиҷоратие кард. Дар натиҷа як миқдор маблағ ҳам ба даст овард, аммо баъдан аз ҷониби афроди сеюм каме фирефта шуд. Баъди ин ҳодиса, ӯ, ки худ камбизоат буд, хеле дар ташвиш ва таҳлука афтод. Моҳҳо аз пайи ҳалли қазия гашт, вале бентаиҷа. Вақте Зайд Саидов аз ин ҳолат бохабар шуда, ӯро даъват кард ва гуфт, ки «ҳеч ҷойи ташвиш нест, ман ҳамаашро хуб медонам, фақат бо як ҷумла ин масъаларо нуқта мегузорем: аввал ин, ки ман Шуморо ҳамчун бародар медонам, аз ин нуқтаи назар, агар он маблағ куллан барнагардад ҳам, чун бародар метавонам сидқан онро бубахшам ва аз ин муносибати бародарии мову Шумо ҳеч осебе набинад. Аммо агар мову Шумо сирф ҳамчун шарикони тиҷоратӣ муносибат мекардем, пас воқеан ҳам амали Шумо метавонист мавриди беэътимодии ман гардад...».
Инсоне бо чунин тафаккур ва рафтор имрӯз душмани халқ эълон гаштааст, ки хеле нороҳаткунанда аст.
Як хислати дигар, ки ҳам бартарӣ ва ҳам «заъф»-и ӯст – ин ҷавонмардияш мебошад. Зайд Саидов ҳамеша бовар дорад, ки вақте бо касе аҳди бародарӣ мебандӣ, ӯ ҳеч гоҳ хиёнат намекунад. Ин андешаест, ки то дирӯз ӯ сахт ба он пойбанд буд. Аммо бехабар аз он, ки ин арзишҳо ва ин муқаддасот барои аксар аҳамияте надорад. Аз ин рӯ, ҳоло мебинем нисбати ӯ чи амалҳоеро раво намебинанд…
Инсоне, ки дар тӯли умраш ҳамеша пайи ободӣ ва созандагӣ будааст (Худо ва халқи Худо шоҳиданд), чигуна метавонад имрӯз барои як кишвар хатаре бошад? Зайд Саидов, ки табиатан як инсони ором, осоишта ва созанда аст ва агар чунин табиате имрӯз хатар арзёбӣ мегардад, саволе ба миён меояд, ки хатар дар баробари чӣ? Оромӣ? Осоиштагӣ? Ва созандагӣ?
Хуб мебуд, ки роҳбарияти кишвар ба асли масъала руҷӯъ карда, воқеиятро дарк мекарданд ва ин инсони шарифро аз туҳмату бӯҳтонҳо наҷот медоданд.
Вагарна, Худованд ва таърих шаҳодат хоҳанд дод, ки ин воқеиятро наметавон маҳв кард, балки ҷабр кардан ба як шахсияти ватандӯст ва созанда корест, ки оқибати хайр надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |