Кормандони вазорати корҳои дохила дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ҳудуди 5-у ним кило маводи мухаддир дарёфту мусодира кардаанд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Саидмузафар Муҳриддинов, аснои кофтукоби шахсӣ як адад халтаи селофанӣ мусодира гардид, ки дар дохилаш 2 килою 224 грамм маводи нашъадори навъи афюн дошт.Боздоштшуда сокини кӯчаи Крупская, хонаи 23/1 буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст. Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Ҳисор ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Акбар Пиронов, сокини деҳаи Хуҷамусо, ҷамоати Деҳқонобод, Кароматулло Муқимов истиқоматкунандаи кӯчаи М.Ризо, хонаи 28, Рустам Муродмаҳмадов, сокини кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 24, Зуҳро Иззатова, бошандаи ҷамоати М.Ризо, деҳаи Хуҷилдиёр, Муҳаббат Низомова, сокини шаҳри Турсунзода, маҳаллаи-2, хонаи 19а бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори гуногун боздошт гаштаанд.
Дар ҳудуди фурудгоҳи шаҳри Душанбе бошад, Сафовиддин Зубайдуллои Ҳайитзодаи 20- сола дастгир карда шуд, ки дар борхалтаи шахсиаш 956 грамм ҳероин дошт ва қасди интиқоли онро ба Русия мекард. {jathumbnail off}
Мӯҳр