“Равшан” талоши ба “Истиқлол” баробар шуданро дорад
“Равшан”-и Кӯлоб бо тими “Хайр”-и Ваҳдат вориди сабқат мешавад. Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ буда соати 17:00-и имрӯз, рӯзи 22-юми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат шурӯъ мешавад.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 6 бозӣ анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Равшан” то имрӯз ҳамагӣ 5 бозӣ анҷом дода ва бо 15 хол дар зинаи дуюм нишастааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз 6 бозӣ 13 имтиёз гирифта, ҷойи сеюмро ба худ ихтисос додааст. “Парвоз” ва “Хайр”, ки мутаносибан 10 (аз 7 бозӣ) ва 8 (5 бозӣ) имтиёзӣ доранд, дар зинаҳои чор ва панҷуми ҷадвали мусобиқаанд.
Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -- 7 тӯб, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”), Юҷин Сепуйя (“Истиқлол”) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3 тӯбӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |