Салимзода: Баъзеҳо аз дахлнопазирӣ сӯиистифода мекунанд
Вакилони парлумони Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирии додгустар, додрас ва кормандони мақомоти оҷонсии мубориза бо фасодро бекор карданд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми май, зимни муаррифии тарҳи ворид кардани тағйирот ба қонун «Дар бораи мақомоти прократураи ҶТ» гуфт, ки вазъи ҳуқуқии баъзе аз табақаҳои ҷомеа, «аз ҷумла ҳуқуқи дахлнопазирӣ доштани кормандони мақомот боиси сӯииистифода аз мансаб ва даст задан ба қонуншиканӣ мегардад, ки ин масъала ба раванди мубориза бо фасод таъсири манфӣ мерасонад.”
Шерхон Салимзода ҳамзамон гуфт, ки ҳадафи аслии ворид кардани тағйирот ба қонуни конситутсионӣ «Дар бораи мақомоти прократураи ҶТ» маҳз пешгирии ҳолатҳои нақзи қонун аз ҷониби муфаттишон, додгустарҳо ва кормандони оҷонсии мубориза бо фасод буда, аз ин сабаб аз қонуни мазкур соддаи 55, ки ҳуқуқи дахлнопазирии муфаттишонро муқаррар кардааст, хориҷ карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |