Карзай гуфтааст, монда шудааст ва ба истеъфо меравад
Ҳомид Карзай, райисҷумҳури давлати исломии Афғонистон, ки ҳоло бо сафари хидматӣ дар Ҳиндустон қарор дорад, дар ин бора иброз дошт.
Оқои Карзай ба ишора ба вазъи феълии кишвараш ва эҳсоси хастагии ҷисмиву равонӣ як чунин тасмим гирифтааст ва пас аз соли 2014 дигар барои курсии президентӣ талош нахоҳад кард. Сарвари 56-солаи Афғонистон иброз кардааст, ки «мутмаинам, дар моҳи апрели соли равон ин тасмими ман пазируфта мешавад».
Ёдовар мешавем, Ҳомид Карзай ду давра- солҳои 2004 то 2009 ва аз 2009 то имрӯз роҳбарии Афғонистонро ба зимма дорад
Ҳомид Карзай 24-уми декабри соли 1957 дар рустои Карзи вулусволии Қандаҳор дар хонаводаи Абдул Аҳад Карзай, пешвои қабилаи попалзайи паштунҳо ба дунё омадааст. Ҳомид Карзай хатмкардаи Донишгоҳи Химачали Ҳиндустон буда, унвони магистри сиёсатшиноро дорад. Забонҳои пашту, дарӣ, урду ва англисиро медонад.
Мирвайс, яккаписари президент ҳамагӣ 6-сола аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |