Ду сокини ҷамоати деҳоти «Норин»-и ноҳияи Ёвон, Ойдиб Қурбоноваи 47- сола ва Гулсевар Исмоиловаи 17- сола аснои обнӯшӣ аз шохоби рости дарёчаи «ПВМК»-и назди «Бунгоҳи пахтаи №4» ба коми наҳр фурӯ рафтаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Фаридун Азиммуродов, як корманди масъули кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, барои дарёфт кардани ҷасади ғарқшудагон афсарону сарбозон ва мутахасисони зудамали ситоди вилояти Хатлон, намояндагони хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои ғайринизомии ноҳия сафарбар гардиданд. Баъди корҳои ҷустуҷӯи нимаи дуюми рӯзи 12-уми июл майити Ойдиб Қурбонова дарёфт гардида, ба наздиконаш супорида шуд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани Гулсевар Исмоилова идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр