Алмазбек Атамбоев: Аз сафари Эмомалӣ Раҳмон интизороти зиёд дорам
Алмазбек Атамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Бишкек ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар набзи наве хоҳад бахшид.
Бино ба қавли президенти Қирғизистон, дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш ба бисёр масъалаҳо дахл хоҳанд кард. Аз ҷумла тарҳҳои инфросохторӣ, ки ба ду кишвар имкони раҳойӣ аз буҳрони нақлиётиро фароҳам меоварад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
«Шахсан ман аз ин мулоқот интизороти зиёд дорам. Фикр мекунам дар муносиботи дуҷонибаи мо ҳамааш хуб мешавад”,-илова кардааст Атамбоев.
Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти Қирғизистон 27-уми май дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |